Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

22.01.2024 14:00, Қатар
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 22.01.2024

Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санад имзо шуд:

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

- Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни  Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

- Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520