Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Туркманистон

23.08.2012 16:10, Туркманистон

Барномаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи имрӯз бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди қасри Оғузхони Президенти Туркманистон оғоз ёфт.

Меҳмони олимақомро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.

Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо горди фахрии Туркманистон, оркестри ҳарбии асбобҳои нафасӣ, корпуси дипломатии муқими Ашхобод ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Туркманистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва бо корпуси дипломатӣ ҷараён гирифт.

Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Муҳокимаи васеи масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб сурат гирифт.

Аз густариши робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам афзун намудани нишондиҳандаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд имкону захираҳои фаровони ҳамгироӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика, ба мисли истихроҷ ва коркарди нафту газ, рушди гидроэнергетика ва ҳамчунин густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ зарур шумурда шуд.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти нафту газ ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва дар маҷмӯъ афзоиши нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҳавасмандии худро таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ягонагӣ ва ё наздикии мавқеи Тоҷикистону Туркманистон доир ба аксари масоили минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони рушди ҳамгироӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар тайи солҳои наздик метавонад ба маротиб афзун гардад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон;

Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Турманистон;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2013-2014;

Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2013-2014;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои ҷойгир намудани Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон;

Маросими имзои санадҳо бо имзои Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба поён расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон бояд мавриди баҳрабардории ҳамаҷониба ва судманд қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ - ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонда шуд.

Тавре зикр гардид, саҳми шоистаи шахсии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи судбахши миёни Тоҷикистону Туркманистон ва дастгирии мавқеи бетарафии ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин мукофоти олии давлатӣ қадрдонӣ мегардад.

Хотиррасон гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон чорумин шахсият аст, к ибо ин мукофоти олии давлатӣ сарфароз мегардад.

То ин вақт бо ин мукофот Президенти нахустини Туркманистон Сапармурод Ниёзов, Президенти кунунии ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва собиқ раиси Парлумони Туркманистон Овезгелди Атаев мушарраф гардидаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, онро мукофоти арзандаи кулли мардуми Тоҷикистон номид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520