Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии инноватсия ва технологияҳои
рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзо Х.Ф.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№685

 

МИРЗО Хуршед Файзуллозода 

аз 27 апрели соли 2021 дар мансаби Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд 17 январи соли 1984        Ҷои таваллуд ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Миллат тоҷик                                               Таҳсилот олӣ

Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) ва Академияи хоҷагии халқ ва хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Суроға ш. Душанбе, кӯчаи Теҳрон 32, ҳуҷраи 2

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2004 – 2005-

Сармуҳосиби ҶДММ «Дӯстӣ», шаҳри Душанбе

Солҳои 2005 – 2009-

Директори ҶДММ «Ориён Фарм», шаҳри Душанбе

Солҳои 2009 – 2012-

Мутахассис ва сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012 –2014-

Директор оид ба масъалаҳои иқтисодии ҶДММ «Дӯстӣ», шаҳри Душанбе

Солҳои 2014 –2015-

Директор оид ба масъалаҳои иқтисодии ҶДММ «Ориён Фарм», шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2019

Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2019-2021

Директори генералии КВД «Точикинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ

аз апрели  соли 2021 то 16 январи соли 2024

Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520