Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ.Х.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№684

 

ХУШВАХТЗОДА Қобилҷон Хушвахт 

аз 27-уми январи соли 2020 дар вазифаи ректори ДМТ кор мекунад.

Соли таваллуд 05.06.1982                 Ҷойи таваллуд н. Данғара

Миллат тоҷик                                      Таҳсилоти олӣ

Соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро  бо дипломи аъло хатм кардааст.

Ихтисос  иқтисодчӣ; баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не     

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ (2012), ордени “Шараф дараҷаи 2” (2022)

Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ(2014), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2021), Ифтихорномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021), , Медали ҷашнии “20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай”(2021), Ректори сол (2021)

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1999-2004

Донишҷӯйи шуъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 2004-2012

Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2009

Муовини декан оид ба корҳои илмӣ ва тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон             

Солҳои 2009-2013

Муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2013

И.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2018

Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 

Солҳои 2018-2019

Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Соли 2019

Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2020

Декани факултети молиявию иқтисодӣ, ҳамзамон, и.в. профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз  27 январи соли 2020
то 16 январи соли 2024

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520