Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари корӣ ба ноҳияи Данғара

18.04.2008 19:00, ноҳияи Данғара

Чунонки қаблан хабар дода будем, дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷрои нишондодҳои Муроҷиатномаи Сарвари давлат, ки ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар равона гашта буд ва ҳамчунин баҳри анҷом додани вохӯрӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии он бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафт.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо иштирок дар маросими оғози сохтмони корхонаи равғанбарорӣ, ки бо ташаббуси ширкатҳои хусусии маҳалӣ бунёд меёбад, оғоз ёфт.

Корхонаи мазкур дар майдони 3 гектар бо истифодаи технологияи муосири итолиёвӣ дар давоми 18 моҳ бунёд хоҳад шуд. Дар ин ҷо аз чигит, офтобпараст ва зағир равғани хушсифат тавлид хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими гузоштани санги аввали корхонаи хиштистеҳсолкунии шаҳр иштирок намуд, ки аз ҷониби корпоратсияи Сомон-тоҷик сохтмон дар масоҳати 30 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Иқтидори истеҳсолии он 15 миллион дона хишти хушсифат хоҳад буд. Корхона бо истифода аз ангиштсанг кор хоҳад намуд.

Сохтмони навбати якуми корхона дар 12 моҳ ва навбати дуюмаш дар 6 моҳи дигар анҷом хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин корхонаҳоро омили тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва рушди саноати маҳаллӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Себистон омад, ки дар ин ҷо хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дар масоҳати 500 гектар боғ бунёд намудааст. Дар ин мавзеъ 41 ҳазор ниҳоли сӯзанбарг, 15 ҳазор сояафкан ва 76 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда шинонда шудааст, ки нишона аз ҳамовозии деҳқонони минтақа ба даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи пурсамари тамоми заминҳои корам аст.

Ҳамзамон дар 150 гектар замин кишти тухмии бодоми талху ширин ва писта анҷом дода шудааст. Дар 25 гектар ангӯрбоғ бунёд ёфтааст. Сарвари давлат бо таъкиди даромаднокии соҳаи боғутокпарварӣ дастур дод, ки боз дар 55 гектари дигар боғи ангӯр бунёд карда шавад. Дар ин ҷо беш аз 100 нафар деҳқонон самарабахш фаъолият доранд.

Ҳамзамон Сарвари давлат аз якчанд бошишгоҳҳои саҳроии мавзеи Себистон дидан карда, бо деҳқонон сӯҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дод.

Аснои боздид аз мавзеи обанбори Норак ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки захираҳои об дар ин минтақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 30 дарсад кам буда, сатҳи он 4 метр пасттар аст. Алҳол воридшавии об ба обанбори Норак 384 метри мукаабро ташкил медиҳад, дар ҳамин давраи соли гузашта бошад ин нишондод 1028 метри мукаабро ташкил медод. Воридшавии об нисбат ба соли гузашта 3 баробар кам аст. Бо назардошти ин ҳолат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноки об ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар мавзеи сохтмони зеристгоҳи хати баландшиддати 220 киловолтаи Лолазор-Хатлон шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин аввалин лоиҳаи инвеститсионии миёни Тоҷикистону Чин буда, моҳи июни ҳамин сол татбиқи он ба поён мерасад.

Ҳаҷми маблағҳои лоиҳа 58,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Созишнома дар бораи ҷудо намудани ин маблағҳои имтиёзӣ моҳи июни соли 2006-ум ба имзо расида буд.

Хатти баландшиддати мазкур ба беҳтарнамоии таъмини кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва қисман вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нерӯи барқ нигаронда шудааст.

Таъкид гардид, ки баъди анҷоми бобарори корҳо ва ба шабакаи ягонаи хатҳои барқии ҷумҳурӣ пайвастани он тамоми кормандону мутахассисон ва техникаю таҷҳизот аз ин ҷо ба сохтмони хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол интиқол дода мешаванд, то ки корҳо дар ин иншооти бузурги стратегӣ низ суръати баланд пайдо кунанд.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бошишгоҳҳои саҳроии ноҳияи Данғара доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2008-ум ва вазифаҳои минбаъда бо роҳбарият ва фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо иштироки як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявии марбут ба соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул мулоқоти пурсамар анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев ва раисони дигар шаҳру ноҳияҳоро шунида, вазъи имрӯзаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва дар охир зимни суханронии кӯтоҳу муъҷаз вазифаҳои минбаъдаро ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти хоҷагии халқи вилоят муайяну мушаххас намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520