Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.04.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Бо ҳамин қарор ҳамчунин таҳти раёсати Муовини аввали сарвазири мамлакат ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ, Раиси ШСХК «Барқи тоҷик», роҳбарони кумитаву идораҳои дахлдори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шомил шуданд.

Сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазифадор шуданд, ки ҳаҷми захира ва шумораи нуқтаҳои фурӯши ангишт, гази моеъ ва дигар маводи сӯхтро ду баробар зиёд намоянд. Тибқи нишондодҳои нақша бояд то 1 октябри соли равон иқтидори барқистеҳсолкунии Маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе ба 180 мегават ва Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳияи Ёвон то 1- уми август ба 120 мегават расонда шавад, ҳамаи 14 дегхонаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ва шабакаи шаҳрии таъмини гармӣ ва оби гарм бояд то мавсими сармо ба кор омода шаванд. Баҳри таъмини ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ, гази табиӣ, гармӣ ва оби гарм, ҳамчунин барои истеҳсолу захираи фаровони маводи ғизоӣ ва ҳамаи корҳои зарурии дигар вазифаҳои мушаххас муайян шудаанд. Тамоми сохторҳои дахлдор ва ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор гаштаанд, ки ҳар моҳ аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ахбори муфассал пешниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳамаи чораҳо бояд андешида шаванд, то тамоми хоҷагии халқ ва мардуми кишвар ба зимистони оянда омодагии хуб дошта бошанд.

Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи маориф шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 7 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 245 миллион сомонӣ (71,05 миллион доллари амрикоӣ) - ро ташкил медиҳад. Таъкид гашт, ки то 1-уми апрели соли равон аз ин маблағҳо 130 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 52,7 дар сади нақша аст.

Мутобиқи ин лоиҳаҳо ислоҳоти системаи маориф, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмону муҷаҳҳазгардонии мактабҳои нав, тармиму таҷдид ва таҷҳизонидани баъзе мактабҳои кӯҳна, чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ анҷом дода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи пасти азхудшавии маблағҳо изҳори нигаронӣ карда, баҳри саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо ва мусоидат ба беҳтарнамоии шароити таълиму тарбияи насли наврас ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Дар мавриди Барномаи рушд ва ислоҳоти соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2008-2015 тавсия дода шуд, ки он бори дигар такмил дода шавад, то ки ҳамаи нишондодҳояш воқеӣ бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар он ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, қувваи кории ҳашарчиён ва тамоми имкону захираҳои мавҷуда ба назар гирифта шаванд. Таъкид гардид, ки дар мӯҳлати татбиқи барнома бояд ҳамаи мактабҳои ибтидоӣ ва умумӣ аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо бароварда, дар биноҳои нави алоҳида ҷойгир карда шаванд.

Барномаи мазкур ҳамчунин беҳтарнамоии таъминоти моддию техникии соҳа, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, сифати таълиму тарбияи мактаббачагон ва бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ навсозии мазмуну мундариҷаи таълим ва дигар корҳои судмандро дар назар дорад.

Нақшаи муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии қӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида дар солҳои 2008-2009 тасдиқ карда шуд.

Тибқи ин нақша дар зарфи ду соли наздик аз минтақаҳои барои зиндагӣ хавноки баъзе ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1640 оила бояд ихтиёрӣ ба водиҳои ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Зафаробод ва дигар минтақаҳои васеъ кӯчонда шаванд.

Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон бо қарори Ҳукумат вазифадор шудаанд, ки баҳри бунёди шаҳракҳои нави замонавӣ ва муҳайё намудани тамоми шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Натиҷаҳои баҳои замини хоҷагиҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеи вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Хулосаҳои Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба боздошти болоравии сатҳи таваррум дар солҳои 2008-2009 қабул карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои боздошти сатҳи таваррум ва ҳимояи бозори истеъмолии кишвар мисли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бояд аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намоем.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуда, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи муштараки Тоҷикистону Қатар «Асалӣ» ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷи поён» ва «Суғд» таъсис дода шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520