Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

22.12.2023 15:00, шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ 22.12.2023

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Нахуст Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлолро сипари боэътимод дар таъмини суботу амнияти ҷомеа ва неруи асосии пешгирикунандаи ҳама гуна амалҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар адои ин вазифаи муқаддасу пуршараф аз ҳар як афсари ин ниҳод поквиҷдонӣ, маҳорати баланди касбӣ, фидоии миллату давлат будан ва руҳану ҷисман дар таъмини ормонҳои миллӣ ва фазои амнияту осоиш омода буданро талаб менамояд.

Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок экстремизм, терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу маҳсулот, риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, таъмини назорати пурраи сарҳади давлатӣ, таъминот бо техника ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ, машқҳои мунтазами низомӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои техникии афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои тамоми ҷузъу том ва сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар оянда низ баҳри беҳтар намудани шароитҳои хизмати ҳар як низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520