Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" дар ноҳияи Кӯшониён

14.12.2023 14:16, ноҳияи Кӯшониён
Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" дар ноҳияи Кӯшониён 14.12.2023

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд мешавад.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.

Мототсиклҳои истеҳсоли корхона барои хоҷагидорон, сохтмончиён ва дигар табақаи аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Аз рӯйи нақша корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунии Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” тариқи навор шинос гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкури 120 тонна маҳсулот дар як солро ташкил намуда, дар он 30 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.

Таҷҳизоти коргоҳ аз хориҷи кишвар ворид гардида, бо истифодаи он 20 намуди меваҷот хушконида мешавад.

Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр босифат истеҳсол гардида, барои содирот мутобиқ бошад.

Маҳсулоти хом, аз ҷумла зардолу, олу, олуи сиёҳ, себ, нок, олуча, ангур, хурмо ва дигар меваҷот тариқи шартнома аз аҳолӣ харидорӣ мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520