Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати 63-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ

08.05.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

Шуморо ба муносибати 63-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар хатарноктарин душмани аҳли башар – фашизми гитлерӣ табрику муборакбод менамоям.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.

Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.
Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти адӯ саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем. Дар шароити кунунӣ, ки ба инсоният хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид мекунанд, ин масъала аҳамияти хоса касб менамояд.

Ва чунонки халқҳои ҷаҳон дар муттафиқӣ бар нерӯи аҳримании фашизм пирӯз шуданд, ин хатарҳоро низ дар якҷоягӣ ва ҳамкории васеъ метавон аз байн бурд.

Имрӯз комилан мусаллам аст: бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.

Имрӯз ба тамоми собиқадорон ҷанг, ки баъд аз Ғалаба ҳам дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд, изҳори сипоси бепоён менамоем. Сарбаландӣ ва рӯҳи пойдори онҳо ба мисли қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистони азизи мост.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Ғалабаи бузург табрик ва муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва саодати ҷовидон орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520