Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ бо намояндагони диаспораи тоҷик дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

13.05.2008 13:00, Қазоқистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, салому паёмҳои гарму самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҳамаи шумо, ки имрӯз дур аз Ватан зиндагиву фаъолият доред, якҷоя бо орзуи саломативу барори кори ҳар кадоматон, мерасонам. Ҳамеша сарбаланду хушрӯз ва номбардори лоиқи миллати овозадори мо бошед!

Ман дар сафарҳои бурунмарзии худ ҳамеша кӯшиш менамоям, ки бо ҳамватанонамон – намояндагони диаспораи тоҷик мулоқот карда, бо вазъи ҳаёт ва корҳояшон онҳо аз забони худи онҳо воқиф гардам ва аз рӯи имкон ба ҳалли мушкилоташон кӯмак расонам.

Чанд муддат боз мехостам, ки бо шумо – тоҷикони муқими кишвари ба мо дӯсти Қазоқистон бори дигар мулоқот намоям ва хушбахтона, мо ба дидори якдигар расидем.

Мехоҳам як нуктаро хотирнишон созам, ки дар давоми солҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандони мо, аз ҷумла ҷавонон, бо як қатор сабабҳои объективӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои дигар қарор доранд.

Ҳамватанони мо дар вилояту шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон низ кору фаъолият мекунанд. Ҳарчанд ки дур аз Ватан ва хешу табору хонавода зистану кор кардан мушкилоти зиёд дорад, вале мо падидаи муҳоҷирати меҳнатиро дар маҷмӯъ чун падидаи барои ҳарду кишвар, яъне ҳам Тоҷикистон ва ҳам мамлакатҳои қабулкунанда, аз ҷумла Қазоқистон судманд арзёбӣ намуда, итминон дорем, ки ин раванди дорои хислати глобалӣ ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

Шумо имрӯз дар кишваре иқомат доред, ки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ субъекти хеле фаъол ба ҳисоб меравад ва густариши муносибатҳои ҳамаҷонибаи судманд бо ин давлат дар стратегияи сиёсии хориҷии мо мақоми хосро касб намудааст.

Мо имрӯз асоси комил дорем, ки Ҷумҳурии Қазоқистонро ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон муаррифӣ намоем.

Зиёда аз 70 санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ асоси қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро ташкил медиҳанд, ки дар заминаи онҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ, илму маориф, сармоягузорӣ, бонкӣ, гумрукӣ ва ҳарбиву техникӣ густариш меёбанд.

Қазоқистон солҳои охир дар самти рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми худ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва шаҳри Остона, ки сол то сол ободу зебо шуда истодааст, рамзи ин навсозиҳост.

Афзоиши босуръати нерӯи сармоягузории ин кишвар барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар арсаҳои гуногун шароити торафт мусоид фароҳам меорад. Мо ба дурнамои дӯстиву ҳамкорӣ бо Қазоқистон назари нек дорем ва барои ин асоси мӯътамад ҳам вуҷуд дорад. Масалан, вусъати ҳамкорӣ дар чунин самти ҷиддӣ ва ҳассос, мисли соҳаи сармоягузорӣ ва бахши бонкӣ гувоҳи ин аст.

Қобили зикр аст, ки дар оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо иштироки сармояи Қазоқистон 47 корхонаи муштарак фаъолият дошт.

Аз ҷумлаи онҳо 15 корхона пурра ба сармоягузорони ин кишвар мансуб аст. Моҳи сентябри соли гузашта мо бо Президенти Қазоқистон мӯҳтарам Нурсултон Назарбоев дар Душанбе паймон бастем, ки Хазинаи сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистонро таъсис диҳем ва дирӯз созишнома дар ин бора ба имзо расид. Ҳадаф аз ташкили ин хазина татбиқи амалии лоиҳаҳои судманду самарабахши инвеститсионӣ дар қаламрави ҳарду кишвар ва тибқи мувофиқати ҷонибҳо амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо берун аз марзҳояшон мебошад.

Дигар тамоюли мусбати муносибатҳои дуҷонибаи солҳои охир, бешубҳа, рушди ҳамкориҳои байнибонкии ду кишвар аст. Имрӯз бонкҳои Тоҷикистон бо як қатор бонкҳои пешсафи Қазоқистон дар бахшҳои муҳим ҳамкории ҷиддиро ба роҳ мондаанд. Имсол як бонки қазоқистонӣ дар Тоҷикистон бонки фаръиро ташкил карда, бонки дигари ин кишвари дӯст яке аз муассисони бонки ватании мо гардид. Ҳамкории байнибонкии ду кишвар имрӯз ба сармоягузории соҳаҳои воқеии иқтисоди кишвари мо роҳ мекушояд.

Алҳол «Казкоммертсбанк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, сохтмони роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои саноати сабук ва бахшҳои дигар лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузориро баррасӣ менамоянд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки Қазоқистон на фақат шарики боэътимоди тиҷоратӣ ва сармоягузори кишварҳои минтақа, балки давлати воқеан ба мо дӯст мебошад. Ва тавре ки мардуми мо мегӯянд, дӯстон на фақат дар рӯзҳои хурсандиву шодӣ, балки бештар дар ҳолати мушкиливу дармондагӣ шинохта мешаванд.

Дар рӯзҳои бӯҳрони энергетикӣ, ки бинобар сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта ба миён омад, Қазоқистони бародарӣ, яке аз аввалинҳо шуда, ба мо кӯмаки амалии моддӣ расонид.

Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини чунин ҳодисаҳои табиӣ ва таъсири ногувори дигар омилҳо мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон имрӯз воқеан ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, чунон ки чанд рӯз пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон сохта будам, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла бо ҷалби имконоти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ҳатман ба иҷро расонем. Дар ин ҷода нақши Қазоқистон ҳамчун кишвари бонуфузи минтақа метавонад назаррас бошад. Тасмими роҳбарияти ин кишвар барои ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии мо, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии бузург ҷиддӣ ба назар мерасад ва ин иқдом дар мавриди рафъи мушкилоти обиву энергетикӣ ва бартараф намудани мухолифатҳои сунъӣ ба манфиати ҳам Тоҷикистон ва ҳам минтақа хоҳад буд.

Татбиқи лоиҳаи баррасишавандаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Хуҷанд ба Алмаато метавонад иқдоми аввалини муштараки мо дар ин самт гардад.

Пешрафти муносибатҳои байнидавлатӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки густариши онҳо то чӣ андоза ба муоширати байниинсонӣ мусоидат карда метавонад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба шарофати фазои солими иҷтимоӣ, талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат ва рушди босуръати иқтисодиаш барои ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон ба макони ҷолибу мусоиди фаъолияти меҳнатӣ табдил ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти мо, дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 40 то 50 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чун соҳибкор, бинокор, кишоварз, коргару мутахассиси саноатӣ ва омӯзгору корманди муассисаҳои илмӣ фаъолият менамоянд.

Боиси сарбаландии мост, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки шаҳрвандону ҳамватанони мо 4 корхонаи муштарак таъсис дода шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар ин сарзамин зиёда аз 45 ҳазор тоҷикони этникӣ ба таври муқимӣ зиндагӣ мекунанд. Солҳои 90-уми асри гузашта як миқдор шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо сабабҳои гуногун барои истиқомати доимӣ ва кор ба ин ҷо омадаанд.

Имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон 8 маҷмӯа ва Ассотсиатсияи марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон таҳти унвони «Сомониён» амал мекунанд.

Мо бисёр хушнудем, ки аз ҷониби Ҳукумати Қазоқистон дар бобати фаъолияти пурсамари марказҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла тоҷикон, дастгирӣ ба назар мерасад.

Мо аз фаъолияти Ассотстиатсияи марказҳои фарҳангии тоҷикони муқими Қазоқистон хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки ин марказҳо дар рушди ҳаёти фарҳангӣ, ҳифзу омӯзиши забону адабиёт, ҳунарҳои халқӣ ва мусиқии суннатии тоҷикӣ дар муҳити тоҷикони муқими Қазоқистон саҳми арзанда доранд.

Мо намояндагони ҳамватанони жудро, ки дар Қазоқистон муқим ҳастанд, мунтазам ба чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон даъват менамоем ва ин гувоҳи равобити ногусастании шумо бо ватани аҷдодиатон мебошад.

Итминон дорам, ки шумо – тоҷикони муқими Қазоқистони ба мо дӯсту шарик тантанаҳои мубораки миллӣ – ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикиро чун санаҳои фархундаи таъриху фарҳанги миллати хеш пазируфтаед ва ба шодмонии мо ҳамроҳ мешавед.

Мо аз фаъолияти марказҳои миллии шумо дар маҷмӯъ қаноатманд ҳастем ва мехоҳем, ки онҳо дар оянда боз ҳам беҳтар фаъолият намоянд. Ба ин хотир шояд вақти он расида бошад, ки шумо низ мисли ҳамватанони дар Россия будаи худ як сохтори фарогир ва умумӣ – Иттиҳоди тоҷикистониёни муқими Қазоқистонро таъсис диҳед. Мо ин гуна ибтикори шуморо дастгирӣ хоҳем кард.

Фикр мекунам, ки дар чунин иттиҳод метавонад чун як рукни ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон фаъолияти хешро дар ҳамбастагӣ бо намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар дар сатҳи баландтар амалӣ сохта, ба хотири дифои манфиатҳои ҳуқуқию иҷтимоии ҳамаи тоҷикистониёни муқими Қазоқистон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври самаранок ҷидду ҷаҳд намояд.

Зиёда аз ин, мо аминем, ки ин иттиҳод саҳми бештару назарраси тоҷикони муқими Қазоқистонро дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар таъмин хоҳад кард.

Ҳамватанони азиз!

Ба хотири вусъат додани робитаҳо ва рушди маҳалҳои тоҷикнишини Қазоқистони бародарӣ то имрӯз дар мактабҳои олии Тоҷикистон қариб 150 нафар шаҳрвандони тоҷикзабони ин кишвар таҳсил мекунанд. Ва баръакс, дар муддати 5 соли охир 217 нафар шаҳрванди мо ба мактабҳои олии Қазоқистон, аз ҷумла 210 нафарашон аз ҳисоби квотаҳои Вазорати маориф ва илми ин мамлакат барои таҳсил фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони тоҷикӣ бо фарогирии 3225 нафар талаба ва боз 9 мактаби таҳсилоти ҳамагонии омехтаи тоҷикию қазоқӣ амал мекунанд.

Соли гузашта барои таҳсили фарзандони тоҷикони муқими Қазоқистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон аз рӯи дархости марказҳои фарҳангӣ 46 ҷой ҷудо карда шуд ва имсол низ барои онҳо 50 ҷой ҷудо гардид, ки тавассути ин квотаҳо асосан омӯзгорон ва духтурони соҳибихтисос тайёр карда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирон корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ин равандро минбаъд низ идома медиҳад.

Қазоқистон, баъд аз Россия аз лиҳози теъдоди қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар фазои собиқ Шӯравӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Ин аст, ки моҳи майи соли 2006 Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнати ҳарду ҷониб ба имзо расида буд. Ин иқдом барои беҳдошти корҳо дар ин соҳа заминаи хуби ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.

Вале мо чунин мешуморем, ки бо мақсади минбаъд ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират ба Қазоқистон ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар бояд як силсила тадбирҳои иловагии муассир андешида шаванд. Ман, пеш аз ҳама, дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон таъсис додани намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамдиди мӯҳлати будубоши бидуни қайди шаҳрвандони моро, ки ба Қазоқистон сафар кардаанд, дар назар дорам.

Зеро фикр мекунам, ки мӯҳлати кӯтоҳи будубоши бидуни қайд барои чунин кишвари аз ҷиҳати масоҳат бузург мисли Қазоқистон хеле кам аст.

Ба имзо расонидан ва татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ байни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар низ аз манфиати мутақобила холӣ нест.

Тавре ки болотар гуфта шуд, мо доим дар андешаи он ҳастем, ки мушкилоту масъалаҳои дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии кишварамон пешомадаро дар ҳамаи сатҳу зинаҳо ба миён гузорем ва ба хотири ҳалли онҳо саъю талош намоем.

Илова бар ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолии мамлакат ҳамаи тадбирҳои имконпазирро андешида истодааст ва мо азми қатъӣ дорем, ки ин корро торафт вусъат бахшем.

Сохтмонҳои азиму стратегие, ки мо ҳоло оғоз кардаем, аллакай имрӯз ҳазорҳо коргарону мутахассисони соҳибкасбу баландихтисосро бо ҷои корӣ таъмин карда метавонанд.

Чунон ки шумо аз воситаҳои ахбори умум хабар доред, мо таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва амнияти озуқавории мамлакатамонро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ қарор додаем ва ҳамаи кӯшишу талошамонро ба он равона кардаем, ки бо татбиқи ин ҳадафҳо ба рушди устувори иқтисодӣ ноил шавем ва бо ҳамин роҳ дар солҳои наздик барои мардуми шарифи кишварамон шароити шоиставу арзандаи зиндагиро фароҳам оварем.

Ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар ин нишасти хотирмон сипосгузорам ва хоҳони онам, ки шумо зуд-зуд аз ватани аҷдодии худ Тоҷикистони азиз боздид намоед ва ҳамеша тани сиҳат, хотири осуда, рӯзгори ободу босаодат дошта бошед.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520