Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо

02.12.2023 12:50, Аморати Муттаҳидаи Араб
Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо 02.12.2023

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои ду ҷониб минбаъд низ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла маблағгузории лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон босамар идома хоҳад ёфт.

Нақши Бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо назаррас маънидод гардид.

Бо дарназардошти раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳамаи ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон изҳори умед карда шуд, ки ба тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо аҳамияти хоса хоҳанд дод.

Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520