Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19.08.2012 09:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷалолатмаоб,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст – ҷашни 93-ин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – қабул фармоед.
Муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.

Итминон дорам, дар марҳилаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт. Мо зарурати тақвияти шарикиву ҳамёриро дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ, маорифу тандурустӣ бори дигар таъкид менамоем ва омода ҳастем дар ин замина талоши пайваста намоем.

Мусаллам аст, ки густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими амну субот ва рушди устувори минтақа буда, бешак, ҷавобгӯи манофеи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Ҷалолатмаоб тансиҳатӣ ва комёбиву пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, хотири ҷамъ ва саодату шукуфоӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520