Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр

10.10.2007 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Фитр, ки рӯзи 13 октябр фаро мерасад ва онро мусулмонони ҷаҳон ҳамчун яке аз суннатҳои мӯътабар баъди як моҳи тоату ибодат ва рӯзадорӣ бо хушҳолии зиёд ҷашн мегиранд, табрик менамоям.

Истилоҳи "рамазон"-ро луғатшиносон бо калимаҳои "рамаз" ва "рамзо" алоқаманд медонанд. Дар забони арабӣ "рамзо" маънои шиддати гармо ва регистони аз гармои офтоб тасфидаи сӯзонро дорад. "Рамаз" бошад гармои тобистон аст.

Бинобар чунин тафсир ҳар кас, ки вориди моҳи рамазон гашт, гуноҳҳояш сӯхта, маҳву нобуд мешаванд. Рӯзадор пас аз тай намудани ин марҳалаи поксозии равону тан, таҳорати зоҳиру ботин ба сӯи камолоти инсонӣ қадам мениҳад.

Ҳангоми мутолиаи Каломи худовандӣ як нукта диққати маро ба худ ҷалб кард: дар мобайни моҳҳои сол рамазон ягона моҳест, ки номаш дар Қуръон зикр шудааст - дар ояти 185-уми Сураи Бақара: "Моҳи рамазон он аст, ки дар вай Қуръон фуруд оварда шуд - роҳнамоӣ барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва аз ҷудо кардани ҳақ ва ботил".

Ин худ боз як нишонаи волоияти мартабаи рамазон аст, ки Худои карим ва раҳим дар каломи хеш номи онро ҷой дода, дар фазилату бузургии он оят нозил кардааст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам такомул ёфта, мардум бидуни монеа фаризаҳои динии худро амалӣ мегардонанд.

Хусусан шодии кӯдакону наврасон дар ин рӯзи муборак беандоза мегардад. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ вориди дару дарвозаҳои кушодаи мардум гашта, идгардак мекунанд ва иди саиди Фитрро зебу таровати дигар мебахшанд.

Воқеан, иди Фитр дар кишвари мо дар баробари дигар ҷашнҳо бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва ин нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои волои милливу исломист, ки дар давоми ҳазорсолаҳо бо фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёдамон омезишу ташаккул ёфтаанд.

Таълимоти дини ислом доир ба рӯза ва рӯзадорӣ аз Қуръони маҷид, ки аввалин оятҳои мубораки он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон нозил шудаанд, сарчашма мегирад.

Аз ин рӯ, мусулмонон иди саиди Фитрро бо риёзати ҷисму рӯҳ ва ба ҷо овардани фаризаҳои ин моҳи шариф бо хуррамиву хурсандӣ, покиву озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво ва порсоиву парҳезгорӣ истиқбол менамоянд.

Яке аз маъниҳои калимаи "фитр" ҷомеа мебошад. Аз ин нуқтаи назар иди саиди Фитр таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии миёни одамон боис гардидааст.

Ин ҷавҳари ахлоқӣ мардумро пеш аз ҳама барои анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ, худшиносиву Худошиносӣ ва кӯмаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад.

Аз ин ҷост, ки дар моҳи шарифи Рамазон хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо дар баробари тафсиру тавзеҳи оятҳои раббонӣ ва ҳадисҳои набавӣ аз панду насиҳат ва талқини ғояи ваҳдат ва раиятдӯстӣ иборат буданд.

Аслан масҷид барои мусулмонон макони муқаддаси ибодату ниёиш аст. Мо набояд ҷойгоҳи парастиши Худовандро ба минбари таблиғи ҳар гуна ақидаву андешаҳои бегонаи ифротиву тундравона ва хурофотиву ҷудоиандозии мусулмонон табдил диҳем, балки онро ҳамчун макони пайвандгару муттаҳидсозандаи мардум истифода барем.

Умед дорем, ки минбаъд ҳам масҷидҳои мамлакатамон ҳамчун маҳалли муттаҳидсозӣ ва ваҳдати миллӣ дар амри хайри раҳнамоӣ кардани мардум ба роҳи росту дуруст, яъне иҷрои амалҳои неку писандида ва хайру саховат саҳми муносиб мегиранд.

Бояд зикр кард, ки мардуми мо дар рӯзи иди саиди Фитр пас аз адои аҳкоми ид асосан бо амалҳои хайру савоб машғул мешаванд ва дар доираи он ба зиёрати марқади гузаштагон мераванд, ба дидори хешу ақрабо ва ҳамсояҳо мерасанд, шахсони беморро аёдат мекунанд, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон менамоянд, ки солҳои охир ин амал ба урфи неки аҳли ҷамоати кишварамон табдил ёфтааст.

Воқеан, моҳи шарифи Рамазон ва идҳои саиди Фитру Қурбон барои мусулмонон айёми накӯкорӣ, хайру эҳсон ва ба ҷо овардани корҳои савоб мебошад. Ба ин маънӣ дар Қуръони карим низ омадааст: "Садақот барои фақирон асту мискинон... Ва низ барои ба даст овардани дили рақибон ва озод кардани бандагону қарздорон ва инфоқ дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд ва он фаризаест аз ҷониби Худо".

Аз ин рӯ, мардуми кишварамон ба қадри тавону дороии худ дар роҳи хайру эҳсон садақаи фитру закоти моли худро медиҳад ва ҳамеша барои анҷом додани амалҳои нек кӯшиш менамояд.

Мувофиқи ҳадисҳои набавӣ, то он замоне, ки инсон чизи дӯстдоштаи худро ба бародараш раво набинад, мӯъмин намешавад.

Аз ин рӯ, мӯъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд, ботини худро ҳамеша аз кинаву ғурур пок нигоҳ доранд, чунки инсон танҳо бо ҳамин роҳ метавонад ба мағфирати Худовандӣ сазовор гардад.

Дар яке аз ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммади мустафо омадааст: "Аввал чизе, ки Худои таъоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст".

Дар робита ба ин мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки дар кишвари мо шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва хайрхоҳу инсондӯст зиёданд. Онҳо бо эҳсону накӯкории худ дасти ятимонро мегиранд, ба маъюбону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва соҳиби савоби беадад мегарданд.
Чунки хайру садақа додан, эҳсону саховат кардан, дасти ятимонро гирифтан, дили ранҷурону дармондагон ва мӯҳтоҷонро ба даст овардан аз амалҳои басо неки инсонӣ, кушояндаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошанд.

Дар ин бобат яке аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёту фарҳангамон Шайх Аттор фармудааст:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Мардуми сарзамини мо дар тӯли садсолаҳо таҷлили иди Фитрро муродифи ҳамдигарфаҳмӣ, баробариву бародарӣ, ҳусни ният ва бурдбориву таҳаммулпарварӣ дониста, барои ба вуҷуд овардани муҳити орому осуда кӯшиш менамоянд.

Мо наслҳои имрӯза низ бояд ин суннати деринаро идомаи нек бахшем, зеро иди саиди Фитр ҳамчун яке аз воситаҳои беҳтарини ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидии ҷомеа бевосита ба таҳкими минбаъдаи пояҳои ваҳдату ҳамбастагии мардум мусоидат мекунад.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста ҳамеша сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва осудагии ҳар хонаводаи меҳмоннавози тоҷик кӯшиш менамоянд.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бо фарорасии иди саиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям.

Ба ҳамаи шумо имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат ва дастархони пурфайзу бобаракат орзумандам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520