Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти идонаи Президенти Тоҷикистон ба сарварони мамолики мусулмонӣ ва табрикоти онҳо ба унвони Президент ва мардуми Тоҷикистон

18.08.2012 16:40

Ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр аз номи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарварони мамолики мусулмонӣ аз Шарқи дуру наздик, кишварҳои олами арабу Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигарон номаҳои табрикӣ ирсол гардиданд.
Дар онҳо зимни табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарин ба роҳбарият ва мардуми ин кишварҳо барояшон таманнои сулҳу субот ва комёбиву дастовардҳо зикр гардидааст.

Ҳамзамон ба ин муносибат ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сарварони кишварҳои дунё - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Ироқ ва дигарон, номаҳои табрикӣ расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбош ба унвонии Президенти мамлакат давом доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520