Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

13.11.2023 19:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Дар робита ба даргузашти бармаҳали бародаратон Булат Назарбаев таъзияву таслияти амиқи маро қабул фармоед.

Дар ин лаҳзаҳои  барои Шумо ғамангез  ба Шумо ва пайвандонатон ҳамдардӣ ва дастгирии инҷонибро иброз менамоям. Бо изҳори ғамшарикӣ дар ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва шикебоӣ хоҳонам».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520