Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

22.05.2008 19:00, шаҳри Ҳисор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ, рафти иҷрои муроҷиатномаи худ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонаю сабзавот аз чанд хоҷагии истеҳсолии ноҳияи Ҳисор дидан карда, бо фаъолони ноҳия ва олимони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди гандумзори хоҷагии ба номи Латиф Муродов, ки дар паҳлӯи деҳаи Содиқии ноҳияи Ҳисор аст, таваққуф кард. Чунонки маълум шуд, гандуми ин мавзеъ хеле нашъунамои хуб дорад. Тавре ба Сарвари давлат гузориш доданд, дар ин замин деҳқонони соҳибтаҷриба тухмии навъи ласточка (парасту) кишт намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектараш то 70-80 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва олимони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки баҳри гузарондани санҷиш ва муайян намудани навъҳои беҳтарини ба иқлим ва релефи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мутобиқи гандум бо деҳқонон ҳамкории зич ба роҳ монанд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ҳоли истифодаи тухмиҳои серҳосили ба заминҳои мо мутобиқ ва дуруст ба роҳ мондани коркарди агротехникии замин Тоҷикистон метавонад талаботашро пурра бо гандуми худӣ таъмин намояд.

Дар лаби замини гандум кадбонуҳои деҳаю маҳаллаҳои гуногуни ноҳияи Ҳисор бо шукри фаровонҳосилии имсола навъҳои зиёди нон, кулча ва кулчақандро, ки аз тарзҳои гуногуни нонпазии тоҷикони ҳар минтақаи Тоҷикистон ва намояндагони халқу миллатҳои дигари сокини ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд, ба маъраз бароварда буданд. Чунонки дар сӯҳбатҳо таъкид гардид, дар водии Ҳисор тоҷикон ва намояндагони дигар қавму миллатҳо аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он маҳалли зиндагӣ ихтиёр карданд. Имрӯз дар ин ҷо кадбонуҳои ноҳияи Ҳисор бори аввал аз ҳосили имсолаи гандум нон пӯхтаанд. Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва онҳо сӯҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

Умуман аъзои хоҷагии ба номи Латиф Муродов дар 1618 гектар замини корам, ки аз он 1133 гектараш обӣ мебошад, бо парвариши гандуму ҷав ва пахтаи тухмӣ, шолӣ, сабзавот, полезӣ ва чорводорӣ машғуланд. Нишондиҳандаҳои хоҷагӣ хусусан дар парвариши гандуми тухмӣ хеле намоёну ибратбахш аст. Ғаллакорони хоҷагӣ беҳтарин тухмиҳои гандум ва ҷавро корида, аз баъзе қитъаҳои он умед доранд, ки то 90 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Баъзе аз навъҳои хушсифати гандум, ки дар ин заминҳо кишт шудаанд, мувофиқи хислатномаашон дар ҳоли риояи ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ то 120 сентнерӣ ҳосил доданашон мумкин аст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми ҳосили заминҳои гандуми хушсифат барои захираи давлатии тухмӣ баҳри таъмини хоҷагиҳои тухмипарвари дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ин деҳқонон харидорӣ карда шавад. Ин супориш деҳқонони ғаллакорро хеле хушҳол кард, чунки нархи гандуми тухмӣ нисбат ба гандуми истеъмолӣ хеле баланд аст ва мутаносибан ба онҳо фоидаи бештар меорад.

Баҳри истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини обӣ аҳли заҳмати хоҷагӣ ният доранд, ки дар ҳамаи 1000 гектар замини гандуми обӣ баъди дарави он кишти такрории сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорворо ба роҳ монанд.

Зимни боздид аз заминҳои гандумҳои навъи Ҷайҳун ва Ҷагер ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки ин навъҳо хеле серҳосиланд ва дар ин заминҳо аллакай аз таҷриба гузаштаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз онҳо нони бисёр хушлаззат тайёр мешавад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо роҳбарияти ноҳияи Ҳисор ва деҳқонони пуртаҷрибаашро вазифадор намуд, ки барои захираи давлатӣ 8 ҳазор тонна гандуми хушсифати тухмӣ омода намоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои гандум ва сабзавоткории назди деҳаи Навбунёди ноҳия дидан кард.

Зимни сӯҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки аҳли ин хоҷагӣ дар 311 гектар замини обӣ пахта, ғалла, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои сабзавот аз қабили карами сурхи ошӣ, бехпиёз, пиёзи тухмӣ, помидор, картошка, сабзӣ ва ғайра дидан карда, аз нашъунамо ва ҳосили фаровони онҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ва ҳам кишти такрории сабзавот, зироатҳои лубиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорво хеле мусоид аст ва заҳматкашони деҳотро ба истифодаи пурсамари имконоти мавҷуда ҳидоят намуд. Зимни сӯҳбат ҳамчунин таъкид гардид, ки карами сурхи ошӣ барои саломатии инсон фоидаи зиёд дорад ва афзоиши истеҳсоли он ба деҳқонон низ манфиати калони иқтисодӣ меорад.

Ба андешаи сарагрономи ноҳияи Ҳисор Маҳмадсаид Шарипов мардуми заҳматкаши ин ноҳия имсол дар ғанӣ гардондани дастурхони сокинони пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои он саҳми намоён гузоштанианд.

Дар деҳаи Навбунёди ноҳия баъзе деҳқонон дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гандуми пӯхта, расидаи худро қабл аз хушкшавиаш, яъне дар ҳолати дунбул буданаш бо тарзу усули хоса дарав карда, заминро зуд барои кишти такрорӣ омода месозанд.

Гандуми ғизоиро дар ҳолати дунбулӣ дарав карданро чанд рӯз пеш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонон тавсия дода буд.

Дар воқеъ имрӯз бо амал собит шуд, ки чунин усули ҷамъоварии ҳосили гандум фоидабахш аст. Бояд ёдовар шуд, ки гандуми ҳаминсолаи имрӯз нонаш дар маъраз нишондодашуда, маҳз бо ҳамин усул ҷамъоварӣ гаштааст. Ҳамин тариқ бо шарофати корбурди ин тарзи ҷамъоварӣ деҳқонони ноҳияи Ҳисор имсол аввалин шуда, ҷамъоварии ҳосили фаровони гандумро оғоз намудаанд.

Дар фермаи ширию молии хоҷагии Латиф Муродови ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори чорводорон ва омодагии онҳо ба зимистони оянда аз наздик шинос шуд.

Маълум шуд, ки ферма аз 270 сар модагов нақша дорад имсол 264 сар гӯсола гирад ва то охири сол ба комбинати шири шаҳри Душанбе 1014 тонна шир супорад. Чорводорони ин ферма соли гузашта аз ҳар модагови дӯшо ба ҳисоби миёна 4084 килограмӣ шир ва аз ҳар сад сар модагов 83 сарӣ гӯсола гирифтаанд.

Сарзоотехники ноҳияи Ҳисор Ғулом Саидов дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро оид ба роҳҳои асосии афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир тасдиқ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки роҳи асосии он тавассути бордоркунии сунъӣ хушзот намудани чорво аст, аз ҷумла чорвои аҳолӣ ҳам.

Ғулом Саидов, ки дар кори худ хеле дилсӯз аст, чорвои калони хушзоти хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисорро генофонди ин зотҳои пурмаҳсул дар ҷумҳурӣ мешуморад ва таъкид бар он дорад, ки аз зимистони гузашта ҳама бояд сабақҳои зарурӣ бардошта, ба зимистони оянда омодагии ҷиддӣ бинанд.

Қобили таъкид аст, ки дар ин ферма танҳо чорвои калони навъи сиёҳало парвариш меёбад ва тамоми нозукиҳои нигоҳубинаш аз ҷониби мутахассисон риоя мегардад. Чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, дар ноҳия ҳамагӣ 6400 сар говҳои ин зот мавҷуд аст ва пайваста барои тоза кардани зот чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ҷавоб ба супориши Президенти мамлакат оид ба паҳн кардани ин зот дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъулин хабар доданд, ки соли гузашта 429 сар аз ҳамин зот ба хоҷагиҳои зотпарвари ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт ва Абдураҳмони Ҷомӣ фурӯхта шудааст ва 250 сари дигар имсол дар нақшаи фурӯш аст.

Ҳамин зоти чорво ҳамчунин дар фермаи ширию молии воқеъ дар деҳаи Кончӣ парвариш меёбад. Дар мавсими гузаштаи наслгирӣ чорводорони ин ферма аз ҳар сад сар модагов 90-сарӣ гӯсола гирифтаанд, ки ин баландтарин нишондод дар ҷумҳурӣ аст.

Говдӯши пуртаҷрибаи ферма Муслима Амирова мегӯяд, ки соли гузашта аз 11 сар модагов 42 тонна шир дӯшидааст ва таъкид мекунад, ки ҳар фарди заҳматкаш маҳз бо меҳнати покизаи худ ризқи фарох ба даст меорад.

Умуман аз ҳар модагови ин ферма соли гузашта ба ҳисоби миёна 3415 литрӣ шир дӯшидаанд, вале дар ин ҷо ҳамчунин як қатор говҳои сермаҳсул ҳаст, ки дар як сол то 7,5 ҳазор литр шир медиҳанд.

Зимни боздиди кории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чойхонаи зери чинори назди қалъаи Ҳисор бо фаъолони ноҳия ва масъулину олимони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Ҳисор Маҳмадалӣ Тӯхтаев шунида шуд.

Зикр гардид, ки ноҳия нақшаи ҷамъоварии ҳамаи навъҳои андозро дар соли гузашта барзиёд иҷро намуда, ба нишондодҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гаштааст. Алҳол ноҳия 21158 гектар замини корам дорад, ки аз он 11937 гектараш обӣ аст. Дар 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кам кишт гаштани сабзавоти барвақтӣ изҳори норозигӣ карда, баҳри зиёд намудани кишти такрорӣ дар тамоми заминҳои обии озодшаванда супоришҳои қатъӣ дод.

Роҳбарияти ноҳия ҳамчунин вазифадор шуд, ки баҳри бунёди корхонаҳои нави ресандагӣ ва консервабарорӣ чораҳо андешанд.

Нишондодҳои кори ноҳия дар соҳаи маориф хуб арзёбӣ шуд, зеро бинобар ҳисоботи раис дар ноҳия ягон мактаби садамавӣ ва мактабҳои дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгиршуда вуҷуд надоранд ва соли гузашта 9 мактаби нав сохта ба истифода дода шудааст. Умуман нишондодҳо дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ибратбахш арзёбӣ гаштанд.

Дар охири машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба меҳнати поку софдилона, саҳмгузории намоён дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ҳидоят намуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ҳамчунин ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зоҳир гардида, иҷрои бечунучарои он яке аз роҳҳои асосии таъмини некуаҳволии мардум маънидод карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ҷамъомад изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Ҳисори шодмон ва тамоми мардуми кишвар ҷашнҳои таърихии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва соли забони тоҷикиро бо дастовардҳои ибратбахши меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Аз ҳосили фаровони заминҳои ғалла, сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгию полезии ноҳияи Ҳисор, кордонии онҳо ва азми қавию устуворашон ҳувайдост, ки онҳо дар таъмини фаровонии маводи ғизоӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамари заминҳо ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камар мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520