Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер

11.11.2023 14:33, Арабистони Саудӣ
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер 11.11.2023

11 ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.

Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 726 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи ин бонк ба маблағи 195 миллион доллар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрии заминҳо, маориф ва тандурустӣ мавриди иҷро қарор дошта, ин бонк татбиқи боз 4 лоиҳаи сармоягузории иловагиро пешбинӣ намудааст, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо ба 355 миллион доллар баробар аст.

Зимни мулоқот ҳамчунин барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардида, иштироки Бонки Исломии Рушд дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги гидроэнергетикӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкорию сармоягузории бонкро дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, иштирок дар рафъи оқибатҳои офатҳои таббиӣ дар Тоҷикстон тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва техникӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушдро барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520