Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

11.11.2023 11:32, Арабистони Саудӣ
Мулоқот бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ 11.11.2023

11 ноябр дар ҳошияи Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.

Рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маънидод карда шуд.

Таъкид гардид, ки баъди баргузории даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе 24 декабри соли 2022 таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бештар шуд ва имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ заминаи боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам овард.

Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси Фонд ё Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурд ва миёна дар Тоҷикистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири байни шаҳрҳои Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.

Омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда таъкид карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520