Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.05.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 30 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустӣ шунида шуд.

Хотиррасон шуд, ки айни ҳол дар соҳаи тандурустии кишвар 6 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 171 миллион сомонӣ (49,96 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мегардад. 46,7% ин маблағҳо қарзи имтиёзнок ва 46,1% грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳо то якуми майи соли равон аз ин маблағҳо 55,7 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ин лоиҳаҳо сохтмон ва таҷҳизондани беморхонаи бисёрсоҳаи байниноҳиявии вилояти Хатлон, мубориза бар зидди бемории сил, таъмиру таҷҳизи беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил «Мачитон», ислоҳоти системаи тандурустӣ, такмили заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳа, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандон, истифодаи техникаю технологияи муосири муоина ва муолиҷа, васеъ ҷорӣ кардани тибби оилавӣ ва дигар корҳои заруриро дар назар доранд. Дар давраи татбиқи ин лоиҳаҳо садҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд ва дар 41 ноҳия беш аз 350 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ таъмиру таҷҳиз мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, истифодаи босамари маблағҳо ва баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо супоришҳои қатъӣ дод. Тавачҷӯҳи махсус ҳамчунин ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва беҳтар намудани мубориза бо бемориҳои сироятӣ зоҳир гашт.

Сипас ҳисоботи Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов оид ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи аграрӣ шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзиро вазифадор намуд, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷиддии дар сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотию таълимии он ҷойдошта чораҳои таъсирбахш андешад.

Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки Консепсияи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Вазифаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани сифати тухмии зироатҳо ва ҳосилхезии заминҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии аълосифат, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, рӯёндани беш аз ду ҳосил дар минтақаҳои ба ин кор мувофиқ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, беҳтарнамоии зоти чорво, нигоҳ доштани чорвои наслдеҳ, дуруст ба роҳ мондани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ, таъсиси паркҳои мошинию тракторӣ ва ташкили муносибатҳои лизингӣ муайян карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри пурсамар истифода бурдани баъзе заминҳои бекор дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон боғҳои нави зардолу бунёд карда шаванд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда тасдиқ карда шуд.

Сипас ба баррасии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 пешниҳод гашт, ки ҳадафи асосии он нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва устувории қобилияти харидории асъори миллӣ мебошад. Мутобиқи ин санад таваррум дар соли ҷорӣ дар сатҳи 15 фоиз ва рушди истеҳсолот дар доираи 7 фоиз пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи фаръии «МБГ (Маркази барқу гармидиҳии) Ёвон»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориён ГЭС» ва Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова» таъсис дода шуд.

Пешниҳодҳои маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Ҷиргатол ва Ҳисор оид ба таъсис додани ҷамоати шаҳраки «Ваҳдат» дар ноҳияи Ҷиргатол ва ҷамоати деҳоти Ориён дар ноҳияи Ҳисор маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти панҷмоҳа, тезондани сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва таҷдиду барқарорсозии марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон ва захираи гази моеъ ва маводи ғизоӣ барои зимистони оянда дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520