Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод

30.05.2008 15:00, ноҳияи Файзобод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дер боз мехостам, ки ба ноҳияи хушбоду ҳавои Файзобод ва дидорбинии мардуми сарбаланду меҳмоннавоз ва меҳнатдӯсти он биёям, вале гирифториҳои зиёди давлатие, ки дар тӯли ин солҳо доштам, монеи иҷрошавии ин ният мегардиданд. Ва имрӯз хеле хушҳолам, ки бори дигар ба зиёрат ва дидори шумо расидам.

Мақсади сафари кории мо ба ноҳияи Файзобод, пеш аз ҳама мулоқот бо мардум, шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори онҳо ва пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус кишоварзиву чорводорӣ, баррасии ҷараёни иҷрои Муроҷиатномаи Роҳбари давлат ба мардуми кишвар, инчунин раванди татбиқи амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат мебошад.

Файзобод аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат буда, дар ҳудуди он барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Маҳз бо дарназардошти захираву имкониятҳои мавҷуда ман аввали сол ба мардуми кишвар муроҷиат карда будам, ки вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи бозори ҷаҳонӣ мо бояд ҳар як ваҷаб замини киштро оқилона ва самаранок истифода намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолии мамлакат заминаи кофӣ гузорем.

Ва бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки кӯшишу талош ва заҳмати мо дар айни замон ба ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегиамон, яъне таъмини амнияти озуқавории кишвар равона карда шавад.

Бояд зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2008 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Файзобод маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил кардааст.

Ҳарчанд ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта зиёд аст, вале хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имконияти фаровон доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам афзоиш диҳанд.

Илова бар ин, дар ноҳия 140 гектар замини партов ба вуҷуд омадааст, ки 50 гектари он обӣ мебошад.

Шумо медонед, ки Тоҷикистон кишвари камзамин аст. Агар дар ҳар як ноҳия ин қадар замин аз кишт берун монда, ба категорияи заминҳои партов дохил гардад, оқибати соҳаи кишоварзиро тасаввур кардан мушкил мегардад.

Ин дар ҳоле, ки мо бояд дар ин шабу рӯз ҳар як ваҷаб заминро оқилонаву самаранок истифода намоем, масъулиятшинос бошем ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузорем.

Мехоҳам вобаста ба ин масъала як нуктаро таъкид намоям, ки солҳои 1995 ва 1997 фармонҳои Президенти мамлакат дар хусуси ба шаҳрвандон тақсим кардани заминҳо интишор ёфта буданд, вале дар ноҳия татбиқи онҳо то ба ҳол пурра ба анҷом нарасидааст.

Вазъи соҳаи чорводорӣ низ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои семоҳаи аввал дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нисбатан беҳтар аст, вале ҳоло ҳам дар бахшҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Ҳол он ки дар ноҳия имконияти хуби афзоиш додани саршумор ва маҳсулнокии парандаю чорво мавҷуд аст.

Масалан, дар Ҷамъияти саҳҳомии “Мурғи ҳилол”-и ноҳия, ки ҳоло дорои 182 ҳазор сар паранда мебошад, истеҳсоли тухм ба зиёда аз 3 миллион дона расидааст. Вале рақамҳои мазкур нишондиҳандаи ниҳоӣ шуда наметавонанд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони корхонаро зарур аст, ки саршумори парандаро мувофиқи нақша то охири сол ба 350-400 ҳазор ва истеҳсоли тухмро ба 20-21 миллион дона расонанд. Барои иҷрои ин нишондиҳандаҳо корхона ҳамаи имкониятҳои заруриро дорад.

Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон дар кишвари мо имконияти то ба як миллион тонна расонидани истеҳсоли ғалла мавҷуд аст. Чанд сол пештар ин нишондиҳанда то 700 ҳазор тонна расида буд.

Барои таъмини ин ҳадаф пеш аз ҳама ба роҳ мондани истеҳсоли тухмии хушсифати худӣ ва дар сурати зарурат аз кишварҳои дигар ворид намудани он, истифодаи оқилонаву самараноки замин, хусусан заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст.

Дар баробари ин, баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалла дар майдонҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронидан лозим аст. Зеро бори дигар таъкид месозам, ки роҳи асосии таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин, дар навбати аввал аз заминҳои обӣ ҳатман рӯёнидани ду-се ҳосил ва инкишоф додани соҳаҳои пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, инчунин занбӯрпарварӣ мебошад.

Танҳо дар ҳамин сурат мо воридоти ғаллаву ордро аз хориҷа хеле кам карда, метавонем аҳолии мамлакатро асосан бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем ва вобастагии бозори дохилии истеъмолиро аз тағйироти нархҳои ҷаҳонӣ ҳарчи камтар созем.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки инкишоф додани соҳаву бахшҳои зикршуда илова ба афзоиши маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ мсоидат мекунад.

Яке аз роҳҳои бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат дуруст ташкил кардани кори корхонаҳои саноатӣ низ мебошад. Доир ба вазъи саноати ноҳия бояд гуфт, ки фаъолияти корхонаҳои соҳа ғайриқаноатбахш мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз 13 корхонаи саноативу сохтмон, танҳо як корхона фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ 2 ҳазору 800 сомониро ташкил додааст.

Аксарияти корхонаҳои ноҳия ғайридавлатӣ шудаанд ва мебоист, ки соҳибмулкони онҳо роҳҳои ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷударо ҷустуҷӯ карда, ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ коргоҳҳои нав бунёд кунанд ва дар ташкили ҷойҳои нави корӣ барои мардуми ноҳия саҳмгузор бошанд.

Илова бар ин, ҷорӣ намудани мораторий ба санҷишҳои соҳибкорони хурду миёна минбаъд ҳама гуна монеаҳои маъмуриро дар ин самт бартараф менамояд.

Дар доираи барномаи қарздиҳӣ ба ноҳияҳои кӯҳистони кишвар ҷудо кардани қарзҳои хурдро мо ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимтарини густариши соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ эълон кардаем. Аз ин лиҳоз, роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Файзобод вазифадоранд, ки ҷараёни ҳаллу фасли ин масъаларо таҳти назорати доимӣ ва ҷиддӣ қарор диҳанд.

Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, алалхусус оид ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти ноҳия мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону масъулони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, инчунин дар асоси саноатӣ тараққӣ додани соҳаи парандапарварӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Доир ба нишондиҳандаҳои молиявии ноҳия бояд гуфт, ки дар семоҳаи аввал нақшаи даромади буҷети ноҳия ба андозаи 140 фоиз иҷро гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 320 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Лекин дар баробари ин, то аввали моҳи апрел қарзи ташкилоту корхонаҳои ноҳия бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ ба 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст, ки чунин вазъ андешидани чораҳои ҷиддиро аз ҷониби роҳбарону масъулони ноҳия тақозо мекунад.

Дар ин давра аз тарафи бонкҳо, созмонҳои қарздиҳанда ва сармоягузорон ба ноҳия 4,6 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки қариб 2,5 миллион сомонии он ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.

Ғайр аз ин, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тақрибан 6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллион сомонӣ ё 3 баробар зиёд мебошад.

Дар 13 соли охир, яъне дар давоми солҳои 1995 – 2007 барои тараққиёти ноҳияи Файзобод аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 21 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шудаанд, ки онҳо асосан барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва сохтмони иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ равона карда шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 4 лоиҳаи инвеститсионӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 39 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин аз соли 2005 то имрӯз оид ба хусусигардонӣ ва бақайдгирии замин, инчунин барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионии дохили хоҷагиҳо як силсила корҳо амалӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ноҳия марҳалаи аввали лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Саритош татбиқ шуда истодааст, ки то имрӯз мувофиқи он 36 миллион сомонӣ азхуд гардида, 48 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 42 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.
Мӯҳлати анҷомёбии лоиҳаи мазкур то моҳи июни соли оянда дар назар дошта шуда, барои пурра татбиқ гардидани он қариб се миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳия татбиқи лоиҳаи рушди деҳот ба маблағи 7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар доираи он солҳои оянда иҷрои як силсила корҳо, аз ҷумла ташкил намудани маркази ноҳиявии техникаи кишоварзӣ барои хизматрасонии ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони сехи коркарди шир, ташкили ассотсиатсияи дастгирии занбӯрпарварӣ, татбиқи 8 лоиҳаи хурд ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот, 9 лоиҳаи хурди обрасонӣ ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сохтмон ва барқарорсозии роҳу пулҳо ва татбиқи 60 лоиҳаи хурд оид ба дастгирии истеҳсолоти кишоварзӣ ва соҳибкорӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Маблағгузории давлатии соҳа сол аз сол зиёд шуда, соли гузашта 690 миллион сомониро ташкил кард.

Танҳо дар ноҳияи Файзобод дар доираи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф то имрӯз бештар аз 3,5 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, таҷдиду таъмири 19 мактаби миёна ва шӯъбаи маорифи ноҳия анҷом дода шудааст.

Илова бар ин, дар давоми чанд соли охир бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ як мактаби таҳсилоти умумӣ барои 674 хонанда, як мактаби ибтидоӣ ва дар назди ду мактаби дигар шаштогӣ синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд, сохтмони ду мактаби дигар – яке барои 624 ҷой ва дигаре барои 320 нафар хонанда идома дорад.

Мақсади мо аз ин иқдомот фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар аст. Дар ин раванд пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон вазифаи ҷонии кормандони соҳаи маориф мебошад.

Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод беш аз 20 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз ҳазор нафар омӯзгорон сабақ меомӯзанд. Бо мақсади таъмин кардани мактабҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ҳамасола теъдоди зиёди хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои омӯзгории кишвар дохил мешаванд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ 27 нафар мутахассисони ҷавон ва 31 нафар донишҷӯёни солҳои охири муассисаҳои таҳсилоти омӯзгорӣ ба кор қабул карда шудаанд. 20 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд.

Бо вуҷуди ин, нарасидани кадрҳои омӯзгории баландихтисос яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи ноҳия мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 200 нафар муаллимон намерасанд.

Инчунин аз сабаби зиёд будани шумораи хонандагон проблемаи нарасидани ҷои нишаст низ вуҷуд дорад: имрӯз 2 мактаб ҳанӯз ҳам дар вагон ва 5 мактаби дигар дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир буда, 2 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки ин ба сифати таълиму тарбия халал мерасонад.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва раиси ноҳияи Файзобод супориш дода мешавад, ки масъалаи зикршударо ҳамаҷониба омӯхта, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳарчи зудтар чораандешӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки шумо огоҳ ҳастед, чанде пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта будам, ки дар доираи чорабиниҳои пешбиникардаи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат аз якуми июли соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту сохторҳои буҷетӣ, инчунин андозаи нафақаҳо зиёд карда мешавад.

Татбиқи ин чорабинӣ ва ҳамаи тадбирҳои дигар дар самти беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пеш аз ҳама аз самаранокии кори мо вобаста аст, зеро барои боз ҳам баланд гардидани маош мо бояд дучанд заҳмат кашем ва буҷети давлатро ғанӣ гардонем.

Тибқи маълумоти ба ман расида то якуми март қарзи музди меҳнати кормандони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки қисми асосии он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Дар баъзе хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, музди меҳнати кормандон муддати аз як то ду моҳ пардохта нашудааст.

Аз ин рӯ, ба раиси ноҳия супориш дода мешавад, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне пардохти музди меҳнат чораҳои фаврӣ андешида, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумот пешниҳод намояд.

Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи тандурустии мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тақвияти раванди ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус бунёд ва таъмиру таҷдид кардани иншооту муассисаҳои тиббӣ то имрӯз дар кишвар корҳои зиёде ба анҷом расидаанд ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.

Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Файзобод як қатор камбудиҳо мавҷуданд, ки сари вақт ислоҳу бартараф кардани онҳо вазифаи роҳбарону масъулони соҳа мебошад.

Яке аз проблемаҳои ҷиддии ноҳия нишондиҳандаҳои баланди фавти кӯдакони то яксола мебошад. Нишондиҳандаи фавти кӯдакони то панҷсола дар се моҳи соли ҷорӣ ба 21 нафар нисбат ба 1000 таваллуд баробар шудааст, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.

Ҳарчанд дар ин самт маблағҳо ва таҷҳизоту дорувории зиёд ҷудо гардидаанд, вале рақамҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки кор ба таври зарурӣ ташкил карда нашудааст.

Масъалаи дигаре, ки дар аксари муассисаҳои тиббии ноҳия ба мушоҳида мерасад, нарасидани нақлиёт ва алоқаи телефонӣ мебошад.

Инчунин як қатор бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаи марказии ноҳия таъмирталаб буда, баъзе асбобу таҷҳизоти ташхисии тиббӣ намерасанд.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки мушкилоти ҷойдоштаро омӯхта, доир ба рафъи онҳо якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи чораҳои фаврӣ ва муассирро андешад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло мо бояд ҳар як рӯзро ғанимат дониста, барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус маорифу тандурустӣ, истифодаи оқилонаву самараноки замин, вусъат додани кишти такрорӣ, рӯёнидани ду ҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, бо ҳамин роҳ таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакат ва беҳбудии вазъи зиндагии сокинони кишвар кӯшишу талош намоем.

Инчунин омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола ва вусъат додани корҳои ободонии шаҳру деҳот ва иншооти иҷтимоиву маҳалҳои истиқоматӣ бояд яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти роҳбарону масъулони ҳамаи сатҳу зинаҳо ва ҳар як фарди бонангу номус бошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам таваҷҷӯҳи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро бори дигар ба масъалаи танзими расму оинҳо ва риояи қатъии Қонун дар ин бора ҷалб намоям. Зеро худатон шоҳид ҳастед, ки болоравии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва бӯҳрони озуқаворӣ торафт авҷ гирифта, ҳатто давлатҳои пешрафта ва қудратмандро таҳти таъсир қарор дода истодааст.

Дигар ин, ки мардуми мо аллакай манфиати танзими тӯю маърака ва дигар расму оинҳоро дар зиндагиву рӯзгори худ диданд. Аз ин рӯ, корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим пайдо намояд ва шаҳрвандони мо итминон дошта бошанд, ки танзими расму оин ва мувофиқи талаботи қонун амал кардан дар ду-се соли оянда ба хеле баланд шудани сатҳи зиндагии ҳар як хонадон мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими фарҳангиву сиёсии дарпешистода ҳар кадоми моро водор месозад, ки бо азму иродаи мустаҳкам ва муҳаббату садоқат ба Ватан ва миллати худ барои ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузор бошем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Файзобод бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созанда ва ба хотири иҷрои вазифаҳои гузошташуда қувваю ғайрати худро ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат равона месозанд.

Дар охир ба ҳамаи шумо-ҳозирини гиромӣ тандурустӣ, сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва барори кор орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520