Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҶДММ “Хишти Ваҳдат” дар деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат

25.10.2023 12:00, шаҳри Ваҳдат
Ифтитоҳи ҶДММ “Хишти Ваҳдат” дар деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат   25.10.2023

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти Ваҳдат” оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии корхонаи хиштбарорӣ 3 гектарро дар бар гирифта, аз ин майдони 1,8 гектарро кон ташкил медиҳад.

Корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, ашёи хом тавассути техникаи зарурӣ истихроҷ мегардад.

Дар корхонаи навтаъсис 30 нафар сокини маҳаллӣ, ки чанде аз онҳо мутахассиси соҳа мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Истеҳсоли хишт аз марҳилаҳои кандани хок, омехта кардан, қолаббурӣ ва пухтани он дар ҳарорати баланд иборат мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 ҳазор дона ва дар як моҳ 900 ҳазор дона хишти пухта мебошад. Корхона дар як сол ба миқдори 5 миллион дона хишти пухта истеҳсол менамояд.

Барои бо сифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани масолеҳи сохтмонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст, ки онро мутахассисони тоҷик пурра идора менамоянд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 27 адад, дар вилояти Суғд 54 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 адад, дар вилояти Бадахшон 1 адад ва дар шаҳри Душанбе 4 адад фаъолият менамояд.

Зимни ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии “Хишти Ваҳдат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами корхонаи нав коргарон бояд пайваста талош намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520