Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

07.06.2008 19:00, Русия

Рӯзҳои 6 ва 7-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Форуми 12-уми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор дошт.

Мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ нимаи дуюми рӯзи 6-уми июн дар қасри Константини шаҳри Санкт-Петербург баргузор гашт.

Қабл аз оғози мулоқоти ғайрирасмӣ сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар назди қасри боҳашамати Константин барои ёдоварӣ аз ин рӯз расми хотиравӣ гирифтанд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳо масоили омода кардани стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, тавсиаи ҳамкории байнидавлатии гуманитарӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ шуд.

Зимни муҳокимарониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии иқтисодӣ ва хосса энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар муқобили равандҳои глобализатсия нокифоя номида, аз пешниҳод дар бораи соли 2009 – ро дар доираи Иттиҳод - соли энергетика эълон кардан пуштибонӣ намуд.

Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон изҳори таассуф намуд, ки дар рӯзҳои хеле сарди зимистони гузашта ва бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон аксуламали матлуби кишварҳои аъзои ИДМ дар кишвари мо эҳсос карда нашуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии иқтисодии кишварҳои аъзои ИДМ бояд аз ҷониби мардумони дар қаламрави он зиндагикунанда назаррасу намоён бошад.

Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ин изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшудаи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатҳои аъзои Иттиҳод мавриди дастгирӣ қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъол гаштани Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба баргузории Форуми 3-юми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои аъзои ИДМ омодагии ҷиддӣ мебинад.

Хотиррасон бояд кард, ки форуми мазкур моҳи сентябр дар мавзӯъи «Рушди гуфтугӯи фарҳангҳо дар миқёси Иттиҳод» таҳти шиори «Бо гуфтугӯи фарҳангҳо ва шаффофият - сӯйи ғанигардонии ҳамдигар ва пешрафти мардумони Иттиҳод» баргузор хоҳад шуд.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки пешниҳод дар бораи масоили энергетикаро мавзӯи асосии соли 2009 дар доираи ИДМ қабул намудан аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон ва Россия низ дастгирӣ ёфт.

Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва дигарон оид ба масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуд.

Субҳи рӯзи 7 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарони дигар кишварҳои аъзои ИДМ дар намоишгоҳи намунаҳои нави технологияи муосир, ки дар ҳошияи Форуми 12-уми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ташкил шуда буд, иштирок намуда, аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи имрӯза дидан кард.

Зимни тамошо аз намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ ва технологии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе кушодани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишкадаи давлатии кӯҳии Санкт-Петербургро воситаи хуби рушди чунин муносибатҳо ва дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

Оид ба омода кардани мутахассисони ҷавони тоҷик, аз ҷумла кадрҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои олии таълимии Россия гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дмитрий Медведев таъкид дошт, ки баҳри идома ва тавсиаи анъанаҳои ҳамкории зичи омӯзишии Тоҷикистону Россия кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Гуфтугӯи муфассал оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия дар мулоқоти алоҳидаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев идома ёфт.

Ҷонибҳо аз ҷараёни робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1-ро намунаи ҳамкории бунёдии Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуданд.

Ба гуфти Дмитрий Медведев ҷониби Россия манфиатдор аст, ки ҳамчунин дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад ва изҳори боварӣ намуд, ки аз кори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Газпром» дар ҷустуҷӯ ва баровардани газ дар ду кони минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон натиҷаҳои хуб ҳосил мешаванд.

Сарони ду давлат ҳамчунин аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаноатмандӣ зоҳир намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти муштараки онҳо дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд доданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва маориф воситаи хуби рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва мардумони онҳо маънидод гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев барои омодагӣ баҳри кушодани филиалҳои як зумра донишгоҳу донишкадаҳои обрӯманди Россия дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таҳкими ҳифзи сарҳад бо он ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бо ҳамин барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба поён расид.

Бояд таъкид намуд, ки зимни ин сафар байни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар заминаи боэътимоди дӯстона эҷод гардид.

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми июн Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз шаҳри Санкт-Петербург ба Ватан омад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520