Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 дар шаҳри Ваҳдат

25.10.2023 10:58, шаҳри Ваҳдат
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 дар шаҳри Ваҳдат  25.10.2023

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев аз рӯи лоиҳаи муосир бунёд ёфтааст ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо ҷалби 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Таълимгоҳ аз 18 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, омодагии дифои ҳарбӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон, синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 16 компютер, озмоишгоҳҳо, китобхона, толору майдончаи варзишӣ, 5 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Тамоми синфхонаҳои мактаб бо асбобу аёниятҳои зарурӣ таъмин буда, хонандагон бо истифода аз имконоти замонавӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатии таълимӣ, хоса фанҳои дақиқ фаро гирифта мешаванд.

Толори маҷлисии муассисаи таълимӣ бо тарҳи муосир бунёд ёфта, бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар бинои нави таълимӣ толори барҳавои варзишӣ ва майдончаи бозии тобистона бо тамоми лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.

Толори варзишии муассиса барои бозиҳои баскетбол, волейбол ва тенниси рӯи миз пешбинӣ гардида, хонандагон имкон доранд дар майдончаи саҳни мактаб ба футболи хурд машғул шаванд.

Имконоти замонавӣ дар даргоҳи нави маърифат барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат таъсири нек расонида, ба таҳкими савияи дониши хонандагон мусоидати ҳамаҷониба мекунад.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаб ва суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамару мақсаднок аз чунин имконоти замонавӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520