Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

13.10.2023 12:30, Қирғизистон
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 13.10.2023

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520