Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

05.10.2023 16:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати Рӯзи таваллудашон самимона ва гарм табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ карданд, ки равобит ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушду тавсеа хоҳад ёфт.

Сарони ду давлат ҳамзамон дар атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рўзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520