Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонони пойтахт

24.06.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Ҷавонони арҷманд ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама шумо ва тамоми мардуми наҷибу шарифи мамлакатро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки воқеан яке аз санаҳои бузург ва мубораки таърихи давлатдории навини мо маҳсуб меёбад ва мо имрӯз дар остонаи таҷлили он қарор дорем, табрик гуфта, бароятон бахти сафеду иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва саодату сарбаландӣ орзу менамоям.

Солҳои охир аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги давлативу миллӣ баргузор гардидани мулоқоту машваратҳои судманд ва маросимҳои мардумӣ, ба истифода додани иншооту биноҳои навбунёд дар гӯшаҳои гуногуни кишвари азизамон ҳукми анъанаи некро пайдо кардааст.

Имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои замонавии Маркази ҷавонони пойтахт давоми мантиқии ҳамин анъанаи неку созанда мебошад ва итминон дорам, ки он дар ҳаёти ҷавонони пойтахти мамлакатамон, инчунин тамоми ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди фараҳбахше гардида, дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамчун тӯҳфаи муносиби давлат ба онҳо арзёбӣ ва қабул мешавад.

Тавре ки шумо медонед, дар мамлакат ва хусусан дар пойтахти он - шаҳри Душанбе марказҳои зиёди эҷодиву фарҳангӣ ва варзишиву фароғатӣ фаъолият доранд, вале то ба имрӯз як муҷтамаъ ё бинои замонавие, ки махсуси ҷавонон бошад, мавҷуд набуд.

Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки барои ҷавонони пойтахт ва умуман мамлакат як қасри муосире бунёд намоем. Ҳадафи мо аз ин иқдом фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои баргузор кардани чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва бо ин роҳ рангорангу ғановатманд гардонидани зиндагии ҷавонон мебошад.

Барои сохтмони ин бино, ки масоҳати умумии он ҳафтуним ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 15 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ин марказ дорои толори маҷлис барои 380 ҷои нишаст, ду толори хурди маҷлис, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, намоишгоҳи эҷодии рассомони ҷавон ва фурӯшгоҳҳои махсус барои навхонадорон буда, инчунин дар он идораи кор бо ҷавонон, кумитаи кор бо занон, хонаи ақди никоҳ, маркази танзими оила, осорхонаи таърихи ҷавонони шаҳри Душанбе, утоқҳои таълимӣ, марказҳои эҷодиву шабакаи интернет ва дигар хадамоти барои ҷавонон зарурӣ ҷойгир карда мешаванд, ки дар рӯзҳои наздик фаъолияти худро дар ин бино оғоз менамоянд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки дар бунёди ин иншоот қариб 1000 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ заҳмат кашиданд ва дар давоми як сол онро ба охир расониданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи коргарону сохтмончиёне, ки дар бунёди ин бинои бошукӯҳи замонавӣ саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳар як иқдому тадбире, ки мо дар доираи татбиқи сиёсати давлати худ вобаста ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҷавонон ва ба хотири беҳбудии ҳаёти онҳо меандешем, танҳо ба хотири ояндаи неки онҳо, яъне ояндаи миллат аст.

Сабаби таваҷҷӯҳи хосаи давлат ба масъалаҳои ҷавонон дар он аст, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз давлатҳои ҷавонтарин буда, синни миёнаи сокинони он 24 солро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ҳадафи асосии мо дар доираи сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҷавонон муттаҳид намудани нерӯи созандаи насли ҷавон ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ва пешрафта мебошад.

Зеро ояндаи нек ва фардои ободи Ватани азизамон аз сатҳу сифати донишу малака ва таҷрибаву маҳорат, ахлоқи ҳамида, омӯхтан ва ҳарчи бештар азхуд кардани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияи замонавӣ, инчунин ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҳар кадоми шумо вобастагии зиёд дорад.

Аз ин рӯ, ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд.

Ва шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки ин вазифаи ҷониву муқаддас ва қарзи имониву шаҳрвандии шумо дар назди Ватан-Модар аст.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бебаҳои таърих дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон нақши босазо гузошта, барои тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои густурдаи рушду такомули сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуд.

Бинобар ин, ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки ин ҳама далели таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумат ба масъалаҳои ҷавонон ва соҳиби мақоми шоиста будани онҳо дар ҷомеа мебошад.

Бояд гуфт, ки фақат дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуданд, аз ҷумла барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар фонди махсуси Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло дар асоси он беш аз панҷ ҳазор ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ илму дониш омӯхта истодаанд.

Илова бар ин, чанде пештар ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода шуд, ки маблағи фонди зикршударо ҳар сол зиёд намояд. Ҳамчунин андозаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ зиёд карда, барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои махсус муқаррар карда шуданд.

Ғайр аз ин, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хобгоҳи замонавӣ барои олимони ҷавону аспирантҳо ва духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, ба ҳафт ҳазор сомонӣ баланд бардоштани ҳаҷми ҳар як ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавони мамлакат низ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки давлат бо мақсади беҳбудии вазъи ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон амалӣ карда истодааст.

Шумо бояд хуб дар ёд дошта бошед, ки рӯзгори имрӯзаи ободу осуда ва ояндаи саодатманди ҳар як миллату мамлакат аз сатҳи рушди соҳаи илму маориф вобаста аст, ки маҳаки асосии он дониш мебошад.

Ҳар фарде, ки дили худро бо чароғи донишу маърифат афрӯзад, пеш аз ҳама дорои ахлоқи шоиста, одоби ҳамида ва соҳиби илму фарҳанг мегардад.

Яъне дониш ҷони бедор аст ва бедории ҷон аз ғизои маънавӣ сарчашма гирифта, роҳи фардои ҳар як фардро муайян месозад. Аз ин рӯ, бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ бо қаламу китоб аст.

Бинобар ин, шумо - ҷавонон бояд идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодони худ бошед ва дили худро бо чароғи илму дониш равшан созед.

Дар ин ҳолат дар вуҷуди ҳар шахси донишманду соҳибилм, бахусус ҷавонон эҳсоси гарми ватанпарастиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳаёти мустақилона омода будани онҳо решадору қавӣ мегардад.

Ин падидаву омилҳо дар марҳалаи кунунӣ барои мамлакати мо ниҳоят заруранд, чунки маънавиёти умумии мардум сарвату ганҷинаи миллат маҳсуб меёбад.

Ҷавҳари худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ пеш аз ҳама аз дӯст доштани модар, забон, ватан, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солим боис мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дастгирии ҷавонони лаёқатманд, кадрҳову мутахассисони соҳибистеъдоди ҷавон, беҳбудии шароити хизмати ҳарбӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи давлати Тоҷикистон қарор доранд.

Бо дарназардошти ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои таҳсил ва донишандӯзиву касбомӯзӣ ва кору зиндагии шумо тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст ва ба ин васила мехоҳад рушди ҳамаҷониба ва ободиву шукуфоии Ватани аҷдодиямонро таъмин созад.

Имрӯз низ иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони варзидаву соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гидроэнергетикаву нақлиёт, сохтмону саноат, алоқаву авиатсия ва молияву бонкдорӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии мо тарбияи мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо мебошад.

Вобаста ба ин масъала, дар кишварамон то ҳоло корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, вале вазъи имрӯза, яъне афзоиши номутаносиби қувваи корӣ, ба таври зарурӣ рушд накардани саноат ва нарасидани ҷойҳои корӣ моро ба андешидани тадбирҳои иловагӣ водор месозад.

Аз ин рӯ, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, дар асоси нақша ва барномаҳои ҳамоҳангшуда амал намоянд.

Дар марҳалаи кунунии тараққиёти мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбанд, ки дар доираи татбиқи онҳо доир ба рушду пешрафти иҷтимоиву маънавии ҷавонон низ тадбирҳои муассир андешида истодаем.

Бояд зикр кард, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, фароҳам овардани робитаи доимии нақлиётии тамоми минтақаҳои кишвар ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва обу замини Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба нерӯи созандаи ҷавонони бонангу номус вобаста аст.

Аз ин рӯ, вазифаи шумо - ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки бо нерӯи тоза ба хотири татбиқи ҳадафҳои ободонии Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон кӯшишу талош намоед.

Дӯстони азиз!

Дар кишварамон аллакай як сол инҷониб Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» амал мекунад, ки ҳадафи асосии он таъмин кардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Яъне татбиқи муқаррароту талаботи ин қонун пеш аз ҳама ба манфиати ҷавонон аст. Бояд зикр кард, ки дар қонуни мазкур мо дар баробари меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин арзишҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус арзишҳои ахлоқиро ба назар гирифтаем.

Аз ин лиҳоз, бори дигар таъкид месозам, ки риояи натанҳо Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», балки риояи бечунучарои ҳамаи қонунҳои амалкунанда ва дар доираи онҳо зиндагиву фаъолият кардан қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Вале бояд гуфт, ки вақтҳои охир аз ноогоҳӣ ва паст будани маърифати сиёсиву фарҳангии як қисми аҳолӣ, аз ҷумла баъзе ҷавонони ноогоҳ равияву ҳаракатҳои радикалии навбаромад фаъол шуда истодаанд.

Ин ҳаракату равияҳо, ки аз ҷониби доираҳои муайяни хориҷӣ пуштибонӣ мешаванд, мехоҳанд дар кишвари мо ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, мафкураи ғайрисолим ва барои мардуми мо бегонаро ба шаҳрвандони мо, аз ҷумла ҷавонон таҳлил намоянд.

Дар чунин шароит дар рӯҳияи эҳтиром ба анъана ва арзишҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи миллати тоҷик тарбия кардани насли зираку ҳушёр, солиму огоҳ ва соҳибҳунару соҳибилм аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи созмонҳои ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Ман анъана ва арзишҳоеро дар назар дорам, ки дар тӯли ҳазору чорсад сол ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги бостонии мо омезиш ёфта, дар тӯли асрҳо ба як рукни фарҳангиву иҷтимоии мардуми сарзамини мо табдил ёфтаанд.

Мақсади мо аз чопи дуюми тарҷумаи тоҷикии Қуръони шариф ва инчунин тафсири он низ, ки дар арафаи Иди Қурбон амалӣ гардид, маҳз баланд бардоштани донишҳои диниву мазҳабии сокинони кишвар буд.

Ғояҳои аслии дини мубини ислом ва тамоми дину мазҳабҳои дигар бар асоси тафаккури инсондӯстона, таҳаммулгароӣ, ҳамзистиву бародарӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа бунёд ёфтаанд.

Дини мо ҳама гуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки онҳоро ҳизбу равияҳои ифротӣ таблиғ месозанд, шадидан маҳкум менамояд.
Шумо – ҷавонони азиз низ набояд ба таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик фирефта гардед ва бояд ҳамеша аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедордилу солимфикр бошед.

Ин амр кафолат медиҳад, ки оромиву осоиши мардум ва суботу амнияти ҷомеа таъмин гардида, ба беҳтар шудани вазъи зиндагии натанҳо наслҳои ҷавони имрӯза, балки наслҳои оянда мусоидат намояд.

Бояд зикр кард, ки аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ва дар чорроҳаи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад.

Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сатҳи пасти фарҳанги сиёсии гурӯҳҳои муайяни аҳолии мо буд.

Мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал ҷавонон бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиа, ки асосан насли ҷавонро дар маркази гирдоби ҳалокатбори худ қарор дода буд, сабақ гиранд, хулосаҳои зарурӣ бароранд ва муҳимтар аз ҳама, масъулияти худро дар назди Ватан, миллат ва давлат фаромӯш насозанд.

Барои он, ки ҷавонони мо маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як падару модар, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа ҳама якҷоя ҷавононро ба роҳи рост, адлу инсоф, дӯстиву рафоқат, таҳкими ваҳдати миллӣ, донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ раҳнамоиву ҳидоят намоянд.

Шумо – ҷавонон насли хушбахт ва саодатманди кишвар ҳастед. Аввалан шумо насле ҳастед, ки дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз зиндагӣ мекунед.

Истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳиби давлату Ватан будан барои ҳар як инсон неъмати бебаҳо мебошад. Дар баробари соҳибватан будан ва аз давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор доштан ҳар як фарди миллат, пеш аз ҳама ҷавонон вазифадоранд, ки барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, нерӯманд гардонидани давлати миллӣ ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша саъю талош намоянд.

Шумо – ҷавонони азиз имсол шоҳид ва саҳмгузору ширкаткунандаи рӯйдодҳои муҳимтарини мамлакат, аз ҷумла 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони нобу шоиронаи тоҷикӣ мегардед, ки ин, ба андешаи ман, як бахти бузург аст.

Ҳадаф аз таҷлили ҷашнҳои мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор ва ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин вусъат додани корҳои созандагӣ мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҳар кадоми мову шумо ва бахусус ҷавонони Тоҷикистон тақозо мегардад, ки барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ барпо шудани онҳо саҳми арзанда гузоранд.

Зеро шумо - ҷавонон қувваи бузург, такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик ҳастед ва дар сарнавишти имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург доред.

Шумо бояд амиқ дарк намоед, ки вазифаи асосиятон дар марҳалаи кунунӣ пеш аз ҳама омӯзиши илму дониш, азхуд намудани воситаҳои техникии замонавӣ ва дастовардҳои технологияи муосир, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи пойдории сулҳу амнияти сарзамин, хизмати содиқона ба Ватан ва тарбия ёфтан дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ иборат мебошад.

Чунон ки дар оғози сухан зикр кардам, мо ҳар сол дар даҳаи охири моҳи июн Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирем ва шумо медонед, ки барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чи қадар ҷонбозиву фидокорӣ зарур буд.

Ин санади тақдирсоз моро аз хатари пароканда шудани миллат раҳо дод. Сулҳи мо дар ҷаҳони муосир аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони ҷомеашиноси сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз намунаҳои нодиртарин эътироф шуда, имрӯз дар минтақаҳои доғи ҷаҳонӣ истифода мегардад.

Вале боз такрор месозам, ки он осон ба даст наомадааст, балки ҷони ҳазорҳо ҷавонон барои ба даст омадани он қурбон гардидааст.

Аз ин рӯ, қарзи имонӣ ва вазифаи ҷониву шаҳрвандии шумо - ҷавонон пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияту осудагӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу сафо, хонадони обод ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҷавонони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520