Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

05.10.2023 12:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Раиси Палатаи болоии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.

Пешвои миллат рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Россияро аз авлавиятҳои кишвари мо дониста, изҳори боварӣ карданд, ки равобити байни Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520