Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

05.10.2023 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд. 

Сарони давлатҳо зимни изҳори назар оид ба раванди рушди афзояндаи ҳамкории ҷории Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои алоҳидаи муносибату ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба баррасӣ гирифтанд.

Ду ҷониб дар робита ба идомаи саъю талошҳо ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

Дар зимн Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамзамон оид ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520