Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Маркази ҷавонони пойтахт

24.06.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Маркази ҷавонон дар пойтахти кишвар иштирок намуд.

Шукри истиқлоли давлат ва рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки имрӯз фаъолияти бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони биною иншооти наву замонавӣ ва ободонии пойтахти Тоҷикистони азиз авҷи тоза пайдо намудааст. Дар зарфи як сол бунёд ёфтани як бинои боҳашамати Маркази ҷавонон худ натиҷаи возеҳи ин раванди бемайлон аст.

Дар назди бинои навбунёди Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияту аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва намояндагони сершумори ҷавонони шукргузору миннатпазир бо эҳтирому самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази ҷавонон наздики 3 ҳазор нафар сокинони пойтахт, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, ходимони илму фарҳанг ва намояндагони ҷавонон иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирон суханронӣ намуда, оид ба сиёсати давлатии кор бо ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ҷавонони ояндасоз дар ин даврони пурмасъулияти рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбуб андешаҳои ҷолибу саривақтӣ баён намуд.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз толору утоқҳои гуногуни марказ дидан карда, бо шароити барои ҷавонон муҳайгашта аз наздик шинос шуд. Дар даромадгоҳи бино таваҷҷӯҳи Сарвари давлатро ҷиҳозҳои алоқаи видеотелефонии бо интернет пайвастшуда ҷалб намуд. Тавассути ин телефонҳо Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар давлатҳои Инглистон, Россия, Ҷопон ва Туркия таҳсили илм мекунанд, сӯҳбати мустақими видеотелефонӣ орост.

Онҳо аз номи ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимиаш ба ҷавонон, аз ҷумла барои бунёди чунин маркази муҷаҳҳази ҳозиразамон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ онҳоро ба омӯзиши амиқи илмҳои замона ва хуб аз худ кардани ихтисосҳои барои имрӯзу фардои Ватани худ зарурӣ ҳидоят намуд.

Дар ошёнаи сеюми бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми маъруфи Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарипов шинос шуд. Зимни шиносоӣ худи рассом иттилоъ дод, ки ин мусаввараҳоро ба Маркази навбунёди ҷавонон дар шаҳри Душанбе тӯҳфа намудааст.

Дар Марказ як толори калони маҷлисгоҳ низ мавҷуд аст, ки дорои 380 ҷойи нишаст аст. Боназардошти шароити хуби дар он муҳайёгашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо барои ҷавонон зуд – зуд маҳфилҳои хуби илмию эҷодӣ ва чорабиниҳои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солиму пешрафта ба роҳ монанд.

Дар толори ақди никоҳи Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба 17 ҷуфти навхонадорон санадҳои ақди никоҳи шаҳрвандӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони навхонадор оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбат намуда, онҳоро ба худдорӣ аз сарфу харҷи бемаънӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ барои худ ва фарзандонашон ҳидоят намуд.

Маркази ҷавонон ҳамчунин дорои толори барҳавои интернет будааст, ки дар он наздики 50 компютер ба шабакаи умумиҷаҳонӣ ба таври доимӣ пайваст мебошанд. Зимни шиносоӣ бо он ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин толор бо технологияи пешқадами иттилоотӣ муҷаҳҳаз гашта, асосан барои донишҷӯён ва ҷавонони эҷодкор пешбинӣ шудааст ва тамоми хизматрасониаш бепул сурат мегирад.

Дар тарабхонаи марказ, ки дар ошёнаи якуми он ҷойгир шудааст, вобаста ба чорабиниҳои гуногун барои аз 300 то 400 нафар ҷойи нишаст омода кардан мумкин аст.

Тибқи иттилои масъулин марказ ҳамчунин дорои толори намоиши либосҳои замонавӣ, осорхона, ду толори хурди маҷлисӣ, утоқҳои корӣ ва дарсӣ, комплекси мардона ва занонаи варзишӣ, ҳавзҳои табобатии обӣ, мағозаи навхонадорон, толори ҳусн ва бисёр утоқҳои дигар иборат аст.

Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои мазкур бо сарфи 15 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании сохтмонӣ бунёд ёфтааст. Дар давраи сохтмони он 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин будаанд. Имрӯз дар ин марказ барои 260 нафар кормандону мутахассисон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дохил ва атрофи бино баҳри боз ҳам ободу зебо ва ба талаботи замона мутобиқ намудани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520