Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Кӯлоб

25.06.2008 18:00, шаҳри Кӯлоб

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Аввалан, ҳамаи шумо ва тамоми сокинони шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо санаи воқеан муҳим ва тақдирсоз мебошад, самимона табрик мегӯям.

Дар остонаи ин ҷашни бузурги миллӣ имрӯз дар шаҳр боз ду рӯйдоди фараҳбахш, яъне ба истифода дода шудани хатти интиқоли барқи «Лолазор - Хатлон» ва ифтитоҳи муҷассамаи асосгузори адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба вуқӯъ дар давоми чанд соли охир омад.

Шумо - роҳбарону масъулон хуб медонед, ки дар давоми чанд соли охир Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси барномаҳои созандагиву бунёдкории худ корҳои азнавсозии шаҳри Кӯлобро вусъат дода истодааст.

Дар баробари ин, ҳоло дар доираи татбиқи нақшаву чорабиниҳое, ки тибқи ду қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар шаҳр сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти зиёди таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ босуръат идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми се соли охир барои азнавсозии шаҳри Кӯлоб беш аз 180 миллион сомонӣ сарф гардида, сохтмон ва таъмиру таҷдиди 114 иншоот анҷом дода шудааст. Дар асоси ҳадафҳои созандагӣ дар шаҳр бештар вазъи инфраструктураи иҷтимоиву фарҳангӣ беҳтар карда мешавад.

Бо мақсади ба талаботи замон мувофиқ гардонидани тамоми иншооти инфраструктураи шаҳр Ҳукумати Тоҷикистон ҳам бо сарфи маблағҳои давлатӣ ва ҳам ҷалби маблағҳои 10 лоиҳаи инвеститсионӣ корҳои сохтмон, таъмиру таҷдид ва ободонии иншооти гуногунро амалӣ карда истодааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони 9 бунгоҳи тиббӣ, шӯъбаи ҷарроҳӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, бозомӯзии кормандони тиб, хариди дорувориву нақлиёт, таъмиру таҷдиди 44 мактаб аз 59 мактаби мавҷудаи шаҳр, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 1300 нафар хонанда, таъминоти мактаббачагон бо теъдоди 140 ҳазор адад китобҳои дарсӣ амалӣ гардонида шуда, таҷдиди шабакаи обрасонии шаҳр, васли зиёда аз 3800 ҳисобкунакҳои газӣ ва беҳбудии шароити техникии муассисаи хизматрасонии коммуналӣ ба ҷо оварда шуданд.

Дар баробари ин, азнавсозии фурудгоҳи ҳавоӣ, ки маблағи умумии он аз 15 миллион сомонӣ иборат аст, идома дошта, дар панҷ моҳи соли равон ба андозаи 700 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонӣ анҷом дода шуданд.

Вобаста ба мустаҳкам намудани соҳили дарёи Ёхсу низ бо маблағҳои давлатӣ корҳои муайян анҷом дода мешаванд.

Дар натиҷаи бунёди хатти интиқоли барқи «Лолазор - Хатлон» шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба зеристгоҳи барқии «Хатлон» пайваст карда шуд, ки бо ин вазъи таъминоти шаҳр бо барқ беҳтар хоҳад гашт.

Мувофиқи нақшаву чорабиниҳои пешбинишуда то соли 2010-ум аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар маркази шаҳр сохтмони ду мактаби таҳсилоти умумӣ, як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ, хатти оби нӯшокии се маҳаллаи шаҳр, бинои дуюми коллеҷи омӯзгорӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, девори қадимаи Кӯлоб, барқарорсозии девор ва қалъаи Ҳулбук, азнавсозии майдонҳо ва хиёбонҳои шаҳр, ки маблағи умумии онҳо қариб 40 миллион сомониро ташкил медиҳанд, дар назар дошта шудаанд.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти афзоиши эҳтиёҷоти сокинони шаҳр ба манзил (дар айни ҳол ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба додани замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ зиёда аз 3600 ариза ворид шудааст) моҳи марти соли ҷорӣ тибқи қарори худ Нақшаи генералии шаҳри Кӯлобро тасдиқ карда, амалӣ гардонидани онро ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва вазорату идораҳои марбутаи кишвар гузоштааст.

Мувофиқи нақшаи генералии шаҳр дар соҳили дарёи Ёхсу сохтмони як қатор хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва ҷудо намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ пешбинӣ гардидааст, ки бо ин роҳ проблемаи манзил ҳаллу фасл карда хоҳад шуд.

Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки бо вуҷуди ба таври кофӣ ва сари вақт ҷудо шудани маблағҳо суръати корҳои созандагӣ дар шаҳр суст ҷараён лорад. Зеро дар давоми панҷ моҳи охир ба маблағи умумии беш аз 7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳамагӣ 7 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ин ҳанӯз хеле кам аст.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани қафомонии корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд анҷом додани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки дар бораи бо маблағҳои инвеститсионӣ ба анҷом расонидани сохтмони бинои телевизиони шаҳр ва наҳри Кӯлоб чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони он ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳ ва дастгириву ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Ва ҳар иқдоме, ки дар ин самт сурат мегирад, ба хотири пешрафти устувори тамоми соҳаҳо ва ободии минбаъдаи шаҳр амалӣ карда мешавад.
Дар баробари маблағгузории пайвастаи корҳои созандагӣ ва дастгирии иловагии молиявии соҳаҳои иҷтимоии шаҳр, инчунин аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети шаҳр маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

Танҳо дар давоми панҷ моҳи охир ба буҷети шаҳр ба андозаи қариб сеюним миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок дода шудаанд.

Илова бар ин, бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани имконият барои густариши ташаббусҳо пешниҳод кардани қарзҳои бонкӣ тадриҷан вусъат дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ дар шаҳр дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба хоҳишмандон ба андозаи умумии 22 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллион сомонӣ ё худ дуюним маротиба зиёд мебошад.

Инчунин барои рушди соҳаи пахтакорӣ дар асоси механизми нави маблағгузорӣ дар ҳаҷми умумии панҷуним миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Дар сурати истифодаи оқилона ва самарабахши маблағҳои қарзӣ ташкилоту корхонаҳои саноативу кишоварзии шаҳр, сарфи назар аз шакли моликияташон на танҳо истеҳсолоти худро ба низом медароранд, балки аз мушкилоти молиявӣ раҳоӣ ёфта, дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ низ саҳми назаррас гузошта метавонанд.

Мо барои тараққиёти устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии шаҳр ҳоло ҳамаи имконияту шароити заруриро муҳайё кардаем.
Тавре ки дар вохӯриҳои қаблӣ таъкид кардаам, дар оянда мо шаҳри бостонии Кӯлобро ба яке аз марказҳои бузурги саноативу аграрӣ ва фарҳангиву сайёҳии кишвар табдил хоҳем дод.

Бояд қайд кард, ки бо дарки ин ҳадаф як қатор корхонаҳои шаҳр, аз ҷумла комбинати шир, заводи консервабарорӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар натиҷаи ба истифода додани хатҳои нави технологӣ дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 140 ҷойи нави корӣ ташкил карда, истеҳсолоти худро тадриҷан густариш медиҳанд.

Дар ин муддат ҳамчунин ҳиссаи соҳибкорони хурд дар афзоиши маҳсулоти саноатӣ низ назаррас гардидааст. Онҳо ба маблағи 6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.

Дар баробари ин, дар шаҳр барои рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, ки манбаи асосии даромади аҳолӣ мебошад, ҳанӯз имконияту захираҳои истифоданашуда зиёданд.

Ҳамчунин дар аксарияти соҳаҳои ҳаёти шаҳр мушкилоту масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо пеш аз ҳама ба азму талоши аҳолии қобили меҳнати шаҳр ва масъулиятшиносиву кордонӣ, маҳорати роҳбарии шумо – фаъолон вобаста мебошад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш дода мешавад, ки:

- якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар хусуси бо ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ барқарор кардани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноати хӯроквории шаҳр, аз ҷумла заводҳои нон, равған ва шир, ки дар гузашта аҳолии маркази шаҳр ва ноҳияҳои гирду атрофи онро пурра бо маҳсулоти худӣ таъмин мекарданд, тадбирҳои дахлдор андешанд;

- инчунин таваҷҷӯҳи роҳбарони заводи таҷрибавии таҷҳизоти технологӣ, фабрикаи дӯзандагӣ ва корхонаи пойафзоли шаҳрро, ки ҳамагӣ бо иқтидори истеҳсолии 10-20 фоиз фаъолият мекунанд, ба нав кардани хатҳои технологӣ, ташкили истеҳсолоти нав, истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгӯ ва мавриди ниёзи мардум ҷалб намоянд;

- макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо Ширкати «Барқи Тоҷик» дар бораи бартараф кардани қарзҳои ташкилоту корхонаҳо ва аҳолӣ аз барқи истифодашуда, ки ҳаҷми умумии он ҳоло дар шаҳр қариб якуним миллион сомониро ташкил медиҳад, чораҷӯйӣ намояд;

- бо мақсади таъмини амнияти озуқавории аҳолии шаҳр доир ба афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама ғалладона, сабзавоту картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд;

- бо Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои қонуншикании марбут ба истифодаи ғайримақсадноки замин, аз ҷумла заминҳои Президентӣ, сохтмони ғайриқонунии манзили истиқоматӣ, хариду фурӯш ва тасарруфи замин чораҳои ҷиддӣ андешанд;

- дар бораи пешгирии ташаккул ва кам кардани бақияпулиҳои андоз, ки то моҳи июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии он дар шаҳр аз 7 миллион сомонӣ гузаштааст, тадбирҳои қатъӣ андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд;

- дар самти бартараф кардани қарздории ташкилоту корхонаҳои ғайридавлатӣ аз музди меҳнат ва баланд бардоштани маоши кормандон, ки ҳаҷми он нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят паст аст, чораҷӯйӣ намоянд;

- иҷрои барномаи ҳукуматии мусоидат ба шуғли аҳолиро, ки мувофиқи он бояд дар давоми панҷ моҳи охир беш аз 540 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кор таъмин карда мешуданд, таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дода, таъмин намоянд.

- бо Вазорати маориф дар бораи азнавсозӣ ва таъмири 8 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аз вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ берун баровардани 5 мактаб, инчунин таъмири бинои 3 муассисаи томактабии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- ҷиҳати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон фаъолияти нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъро барои аҳолӣ ва ҷараёни харидориву дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ захира кардани он, инчунин таъминоти муассисаҳои зикршударо бо таҷҳизоти хурди барқдиҳӣ ва гармкунӣ таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

- бо Вазорати маориф ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар бораи аз байн бурдани масъалаи нарасидани муаллимони соҳибихтисос чораҷӯйӣ намоянд;

- бо Вазорати тандурустӣ дар бораи пешгирӣ ва паст кардани сатҳи умумии беморӣ ва фавт, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, ки нишондиҳандаҳои онҳо аз ҳисоби миёнаи мамлакат хеле баланд мебошанд, инчунин доир ба таъмир ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин кардани беморхонаи касалиҳои сил маҷмӯи тадбирҳоро таҳия карда, онро амалӣ созанд;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кори худро доир ба риояи ҳатмии муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тақвияти фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намоянд.

Дӯстони азиз!

Мо имрӯзҳо ҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем. Бо гузашти солҳо мардуми соҳибфарҳанги мо манфиат ва аҳамияти бузурги сулҳу суботи ҷомеаро, ки он аз риояи қонуният ибтидо гирифта, асоси пешрафти давлат ва миллат мебошад, беш аз пеш амиқтар дарк карда истодаанд.

Шумо – ҳозирини мӯҳтарам хуб дар ёд доред, ки мо ба хотири таъмини суботи устувор ва амнияти халқу кишвари худ ҳанӯз дар солҳои нооромӣ корро қабл аз ҳама аз халъи силоҳ оғоз карда, бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо муборизаи беамонро ба роҳ монда будем.

Ва эълон дошта будем, ки риояи қонун барои ҳама ҳатмист.

Вале дар натиҷаи дуруст ва амиқан дарк накардани ин талаботи қатъии давлат дар минтақаи Кӯлоб сатҳи содиршавии ҷиноятҳои вазнин боло рафта, ба суботи ҷомеа, амнияти мардум ва давлат таъсири манфӣ расонида истодааст.

Яке аз сабабҳои асосии афзоиши ҷинояткорӣ ин дар дасти аҳолӣ ҳанӯз боқӣ мондани силоҳ ва таъсири манфии гурӯҳҳои муташаккили трансмиллӣ мебошад, ки бо қочоқи маводи мухаддир машғуланд.

Чунончи, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ танҳо дар давоми панҷ моҳи охир дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб беш аз 140 адад яроқи оташфишон ва 3700 дона тирҳои гуногунро мусодира кардаанд.

Илова бар ин, дар натиҷаи дар шаҳри Кӯлоб боздошт гардидани як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо хариду фурӯши маводи мухаддир ва яроқи оташфишон машғул буд, шумораи зиёди муҳимоти ҷангӣ гирифта шуд.

Сатҳи ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ низ дар ин минтақа, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб ташвишовар мебошад. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ 817 килограмм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки на танҳо ба амният ва эътибори байналмилалии давлат, балки ба генофонди миллат таъсири манфӣ дорад, аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили трансмиллии ҷиноятпеша афзуда истодаанд.

Яке аз омилҳои асосие, ки дар шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои минтақа боиси нигоҳдориву хариду фурӯши яроқу маводи мухаддир ва ташаккули гурӯҳҳои ҷиноятпеша шудааст, ин ба таври зарурӣ ҳифз нагардидани сарҳади давлатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа зарур аст, ки дар бораи таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои муассир андешида, онҳоро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ҷамъоварии яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида, бо ҷалби фаъолони шаҳр, роҳбарони ҷамоату маҳаллахонаҳо, созмонҳои ҷавонон ва занон корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро доир ба риояи қонуну тартибот ва таъмини волоияти қонун пурзӯр намоянд.

Дар баробари ин, дар шаҳру ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ки ҳам ба иқтисодиёти мамлакат ва ҳам аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, нуфузу эътибори давлат ва хизматчиёни давлатиро коҳиш медиҳад, боиси ташвиш аст.

Чунончи, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба андозаи зиёда аз якуним миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи аз ҷониби ашхоси мансабдор тасарруф гардидани пулу моли давлатӣ расонида шудааст.

Инчунин дар як қатор идораҳои сохтмонӣ бо роҳи сохтакорӣ ва изофанависӣ маблағҳои калони барои корҳои сохтмониву васлгарӣ ҷудогардида азхуд гардидаанд.

Дар шаҳр ҳодисаҳои аз бонкҳо қарз гирифта, дар мӯҳлати муайяншуда барнагардонидани он ва тамаъҷӯиву ришвахӯрии ашхоси мансабдор низ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, баъзе кормандон ва мансабдорони шӯъбаи Тоҷиксодиротбонк, кумитаи заминсозӣ, шӯъбаҳои меъморӣ, корҳои дохилӣ ва бозрасии давлатии автомобилии шаҳр ба чунин рафторҳои нангин даст задаанд.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ, инчунин ба ҳамаи шумо – роҳбарону фаъолон зарур аст, ки бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пурзӯр намоед.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳама, сарфи назар аз мақому манзалат, мансаб ва хизмат ба халқу давлат дар назди қонун баробар аст ва дар сурати ба он риояву итоат накардан ва даст ба қонуншиканиву ҷиноят задан дер ё зуд дар назди қонун ҷавоб бояд гуфт.

Аз ин рӯ, шумо - фаъолони ҷомеа, ки аксарият сарвариву роҳбарии сохторҳои ҳукуматӣ ва ташкилоту корхонаҳоро ба зимма доред, вазифадор ҳастед, ки пеш аз ҳама худатон бо дасту дили пок ба дигарон намунаи ибрат гардида, бо роҳи ба мардум фаҳмонидани сиёсат ва талаботи давлат онҳоро беш аз пеш ба риояи қонуният ва волоияти қонун раҳнамоӣ намоед.

Инчунин дар пешгирии ҳар гуна қонуншиканиву ҷинояткориҳо ва аз роҳи бад баргардонидани шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонон саҳмгузор бошед.

Зеро мо танҳо дар шароити ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор ва суботи устувори ҷомеа, ки ҳама аз риояи комили қонуният бармеоянд, ҳадафҳои стратегии давлати худро амалӣ гардонида, барои мардуми кишварамон шароиту имконияти зиндагии шоистаро фароҳам ва Ватани азизамонро ободу зебо сохта метавонем, ки дар ин самт нақш ва мавқеи шумо ниҳоят баланд аст.

Аз ин рӯ, итминон дорам, ки ҳар яки шумо бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва маҳорату кордонӣ дастуру супоришоти додашуда ва вазифаҳои хешро содиқона иҷро менамоед.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо мехоҳам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520