Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

25.06.2008 20:00, шаҳри Кӯлоб

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, нахуст дар маросими гузоштани санги асос зери бинои нави таълимии коллеҷи мазкур иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи он маълум шуд, бинои нав аз 15 синфхона ва 400 ҷойи нави нишаст барои донишҷӯён иборат хоҳад буд ва баъди анҷоми сохтмонаш шумораи омӯзгорону кормандони он 30 дар сад афзун хоҳад шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои Донишогоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар маросими ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз бунёдгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ иштирок намуд.

Дар ҳамин ҷо ба ин муносибат намоиши дилнишини театрикунондашудаи рӯдакихонӣ баргузор гашт, ки зимни он ҳунармандони маъруфи шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба олами фарохи маъонии ин устоди беҳамтои шеъри ноби тоҷикӣ ғутавар намуданд.

Дар назди пайкараи ёдгорӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, мардуми Кӯлобшаҳри бостониро бо солгарди 11-уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон, арафаи 17- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150 солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони ноби тоҷикӣ табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба омӯзиши амиқи осори гаронмояи ниёгон, аз ҷумла ашъори пандомӯзи маликушшуаро Рӯдакӣ ва аз онҳо бардоштани андарзу ҳикматҳо баҳри таъмини рӯзгори арзандаи худ ҳидоят намуд.

Баъди мулоқоти ҷолибу хотирмон бо омӯзгорону донишҷӯёни ин ду боргоҳи илму маърифати шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази компютерӣ ва чопи суратҳо ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараи меҳнати соҳибкорони маҳаллӣ баҳри бунёди чунин коргоҳҳо ва ворид намудани технологияи муосири компютерӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон маслиҳат дод, ки истеҳсол ва ё ҳадди ақал ҷамънамоии компютерҳоро аз ҷузъҳои алоҳидаи он дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Пас аз шиносоӣ бо ин коргоҳ, ки дар он барои 15 нафар ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гаштааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи адиб ва мутафаккири бузурги олами шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар назди оромгоҳи ин орифи бузургвор аз офаридгори олам таҳкими минбаъдаи ваҳдату ягонагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро дуо намуданд.

Дар ҳавлии оромгоҳ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи Кӯлобшаҳр сӯҳбати доманадори дилнишин оид ба тарғиби ваҳдату ягонагӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ сурат гирифт.

Дар чаҳорчӯби барномаи сафари кории худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Комили шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷамоати деҳоти Зарбдор қарор дорад, ташриф овард.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи пурсамари заминҳои обӣ шинос шуд. Чунонки аз иттилоъи раиси он Саъбагул Ғуломова маълум шуд, хоҷагӣ дорои 1,6 га замини обӣ будааст, ки 95 садяки онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар 45 садяк замини обӣ сабзавот ва дар 50 садяки дигар гандум кишт намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ҷамъоварии ғалла дар ин заминҳо низ кишти такрории сабзавот ва зироатҳои полезию лубиёгӣ гузаронда мешавад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол аз ҳамин 95 садяк замини обӣ 16 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меоранд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи осори таърихию фарҳангӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо фаъолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи ҷиноии шаҳр дар зарфи 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт ва вазифаҳои минбаъдаи фаъолон ва аҳли заҳмат муайяну мушаххас карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520