Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳо

26.09.2023 17:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи роҳбарони зикршударо доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шуниданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои миллат, инчунин, масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520