Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминобод

25.06.2008 12:00, ноҳияи Мӯъминобод

 

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар чорабиниҳои идонаи бахшида ба солгарди 11-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард. Дар доираи сафари кории худ нимаи якуми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба кор даровардани хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон, ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, бо фаъолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ анҷом дод.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон дар мавзеи Мумираки ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Зимни боздид бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз се созишномаи калонҳаҷми қарзии Тоҷикистону Чин, ки маблағи умумиашон наздики 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, татбиқи амалии лоиҳаи аввалинаш имрӯз бо муваффақият ва 2 сол пеш аз мӯҳлат ба поён расид.

Таъкид гардид, ки Созишномаҳои қарзӣ ва қарордодҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон, хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи июни соли 2006 ба имзо расида буд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки хатти 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон аз ҷониби мутахассисони тоҷик ва ширкати дорои шӯҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Мардумии Чин ТВЕА бо сифати баланд ва истифода аз таҷҳизоти муосири замонавӣ имрӯз ба итмом расид.

Хотиррасон карда шуд, ки дар сохтмони лоиҳаи мазкур зиёда аз 1300 нафар коргарон ва мутахассисони тоҷику чинӣ фаъолият намуданд.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 58 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки наздики 3 миллиони он ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 сол мӯҳлат дошта, ҳаққи хизматрасонӣ ё фоизи баргардонии он ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон пеш аз ҳама ба мӯътадил гардонидани таъмини қувваи барқ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, қисмате аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кам кардани талафоти техникии нерӯи барқ равона гаштааст. Баъди ба кор даромади ин хат ҳаҷми талафоти техники нерӯи барқ аз 14 дар сади пешина то ба 3,2 дар сад кам мегардад ва ин имкон медиҳад, ки дар ҳамин масофа дар як сол 180 миллион кВт/соат нерӯ сарфа карда шавад.

Мувофиқи лоиҳа дар масофаи беш аз 56 километри хат, ки он аз ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб убур мекунад, 133 адад такягоҳҳо насбу васл карда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи зиёд ва маҳорати баланди касбии мутахассисони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дорои техникаю таҷҳизоти муосир будани он ва ҳамчунин аз корозмудагии мутахассисони тоҷик изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд корҳо дар сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли барқи Ҷануб – Шимол низ суръати тоза пайдо мекунанд, зеро ки бунёди он ҳам бар души онҳо вогузор гаштааст.

Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сохтмончиёни ин иншооти бузургу пурарзиш арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520