Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”

14.09.2023 19:40, шаҳри Душанбе
Иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”   14.09.2023

14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ - “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири анъанаҳои деринаи милливу ҳамҷаворӣ ва равобити ҳасанаи давлатҳоро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тарранум ва пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ карданд.

Мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек, дарки умумият ва ҳампаймонӣ бо якдигар мепайвандад ва ин давлатҳо ба рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд доранд. 

Дар ҳамин замина пойдории муколамаи боэътимод ва рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунанд.

Барномаи муштараки рангини консертӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки инъикосгари анъанаҳои деринаи дӯстиву ҳамкории ояндадори кишварҳои минтақа  буд, хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди  аҳли фарҳангу санъат  баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520