Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба коҳишдодани хавфи офатҳои табиии марбут ба об

26.06.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Ширкаткунандагони мӯҳтарами Конфронс!
Меҳмонони азиз!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ман бо камоли фараҳмандиву қаноатмандӣ ҳамаи ширкаткунандагон ва меҳмонони конфронсро, ки барои баррасӣ ва қабули қарорҳои мушаххас доир ба коҳиш додани таъсири манфии офатҳои табиии марбут ба об ба сарзамини офтобӣ ва меҳмоннавози Тоҷикистон қадам ранҷа кардаанд, хайра мақдам мегӯям.

Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт», ташаккули механизми глобалии «Созмони Милали Муттаҳид - захираҳои об», фаъолияти комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид, таъсиси Анҷумани оби қитъаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, баргузории мунтазами ҷамъомаду мулоқотҳои ҷаҳонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун аз таваҷҷӯҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, роҳбарони давлатҳои бузург ҳам ба аҳамияти тағйирнопазири об ва ҳам ба ҷанбаҳои табиии харобиовари марбут ба он шаҳодат медиҳанд.

Дар баробари ин, мо чунин мешуморем, ки вақти амалӣ сохтани он тадбирҳое фаро расидааст, ки дар ин чорабиниҳо зикр ва қабул карда мешаванд. Замони имрӯза аз мо андешидани тадбирҳои таъҷилиро тақозо менамояд, зеро бо вуҷуди ҳамаи ин кӯшишҳо проблемаи об дар маҷмӯъ дар миқёси ҷаҳон аҳамияти доғи худро гум накарда, баръакс тадриҷан шиддати нав касб мекунад.

Бехатарии об, аз ҷумла ҳимоят аз офатҳои табиии марбут ба об ба ҳалли проблемаҳои ҷиддитарини экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳама гуна шароит бе муқаррар намудани муносибатҳои мушаххас ба проблемаҳои ҳимоят аз рӯйдодҳои хавфноки геодинамикии вобаста ба об ва ҳалли самарабахши онҳо ноил гардидан ба рушди устувор комилан имконнопазир аст.

Мувофиқи маълумоти Маркази байналмилалии таҳқиқи офатҳои табиӣ дар давоми 25 соли охир дар ҷаҳон зиёда аз 9 ҳазор офати табиӣ рух додааст, ки онҳо боиси ҳалокати қариб 2 миллион нафар одамон гардида, ба маблағи бештар аз як триллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расондаанд.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки қариб 90 фоизи чунин офатҳои табиӣ, аз се ду ҳиссаи шумораи умумии қурбониён ва 75 фоизи зарари онҳо бо сабабҳои метеорологӣ ва гидрологӣ ба миён омада, мустақиман ба об вобаста мебошанд.

Ба Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборатанд, бештар офатҳои табиие таҳдид менамоянд, ки ба об марбутанд.

Обхезӣ, камобӣ, сел, фуромадани ярч, жола ва фурӯ рехтани миқдори зиёди сангу хок ҳар сол ба иқтисодиёти мамлакати мо зарари калон мерасонанд ва мутаассифона, бар асари ин офатҳо талафоти ҷонӣ низ рӯй медиҳад.

Шумораи одамоне, ки дар натиҷаи сел ва обхезиҳо ҳалок шудаанд, дар давоми даҳ соли охир аз 300 нафар ҳам гузаштааст.

Хароҷоти вобаста ба пешгирӣ ва аз байн бурдани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар давоми 8 соли охир беш аз 65 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Қисми зиёди ин маблағ барои аз маҳалҳои хавфнок кӯчонидани аҳолӣ, расондани кӯмакҳои моддӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо сарф карда шудааст.

Душвории асосии чунин амалиёт дар он аст, ки селҳо дар минтақаи дарёҳои кӯҳистон, водиҳо ва дараҳои танг рух медиҳанд.

Аз рӯи ҳисоби мутахассисони мо, ҳар сол аз масоҳати як гектар замин аз 50 то 250 тонна қабати серҳосили хок шуста мешавад.

Танҳо арзиши умумии нуриҳои аз қабати хок шусташуда тақрибан 20-25 миллион долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, соли равон дар минтақаи Осиёи Марказӣ хушксолӣ ба амал омад, ки оқибатҳои онро мо аллакай дар нарасидани баъзе навъҳои озуқа ва боло рафтани нархи онҳо эҳсос мекунем.

Мувофиқи маълумоте, ки ман ҳоло дар даст дорам, дар як шабонарӯз ба обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак - 500 ва обанбори Қайроққум 400 метри мукааб об ворид шуда истодааст, ки ин нисбат ба ҳамин рӯзҳои соли гузашта хеле кам мебошад. Бинобар кам гаштани захираи об имсол дар Тоҷикистон камобӣ 30-35 фоизро ташкил медиҳад. Худатон қазоват кунед, ки ин камобӣ ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба кулли кишварҳои минтақа чи гуна зиёни иқтисодӣ мерасонад. Танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар он ташаккул меёбад, ҳамин сол дар зиёда аз 60 ҳазор гектар замини киштшуда аз нарасидани об пахта ва ғалладона насабзид, яъне нашъунамо наёфт. Замин хушку холӣ монд.

Бинобар ин, Тоҷикистон ҷалби таваҷҷӯҳи ҳукуматҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои мададгорро ба зарурати ибрози диққати махсус ба ҳалли фарогири масоили об аз вазифаҳои умда меҳисобад, ки қисмати асосии онро офатҳои хавфноки вобаста ба об, инчунин дар миқёси ҷаҳон тағйир ёфтани иқлим ташкил медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таъсиру оқибатҳои офатҳои рӯзафзуни табиии вобаста ба об қарор дод, ки конфронси имрӯзаро даъват кунад, ки он дар доираи Даҳсолаи байналмилалии «Об - барои ҳаёт», Стратегияи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва барномаи тадбирҳои Хиога барои соли 2005-2015, ки дар Конфронси ҷаҳонии кам кардани хавфи офатҳои табиӣ соли 2005 дар Ҷопон имзо шудааст, гузаронида мешавад.

Барномаи мазкур андешидани тадбирҳои пешгирии офатҳои табииро дар сатҳи давлатҳо ва ҷомеаҳо пешбинӣ менамояд. Қобили қайд аст, ки чунин иқдом ҳадафи ба даст овардани шӯҳрати сиёсиро надошта, балки идомаи мантиқии кӯшишу талошҳоест, ки Тоҷикистон таи 10-15 соли охир дар масъалаи об мунтазам ба харҷ медиҳад.

Дар назди ширкаткунандагони конфронси имрӯза вазифаҳои гуногун гузошта шаванд ҳам, ҳадафи умдаи онҳо танҳо муҳофизати аҳолӣ, муҳити зист ва иқтисодиёт аз таъсири номусоиди офатҳои табиии вобаста ба об аст.

Ин, алалхусус барои мамлакатҳое, ки ҷиҳати ҳалли проблемаҳои об нерӯ ва имкониятҳои камтар доранд, ниҳоят муҳим аст.

Моҳи декабри соли гузашта дар Ҷопон дар мулоқоти нахустини роҳбарони мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором оид ба проблемаҳои об Тоҷикистон дар бораи зарурияти доғи таъсиси фондҳои фавқулоддаи минтақавию байналхалқӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид барои расондани кӯмак дар мавриди рух додани офатҳои табиии марбут ба об ва бартараф сохтани душвориҳои дастрас намудани оби тоза изҳори ақида намуда буд.

Ба назари ман, ҳалли чунин проблемаҳо дар чаҳорчӯбаи бархӯрди фарогир ба масоили такмил додани маблағгузорӣ ҷиҳати ҳалли проблемаҳои об, беҳтар намудани роҳу усулҳои идораи он бо дарназардошти ниёзҳои системаҳои экологӣ қарор доранд, ки он бо муқаррароти анҷумани роҳбарони мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором марбут ба об мувофиқати комил дорад.

Дар ин росто, ба ақидаи мо, дастгириву кӯмак ба мамлакатҳои камбизоат ва нодор бояд вазифаи асосии давраи дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» қарор дода шавад.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки барои ҳаллу фасли ҳамаҷониба ва бартараф сохтани проблемаҳои марбут ба об, муттаҳид сохтани кӯшишу талошҳо дар зинаҳои гуногун иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шавад.

Таҳия ва қабули Конвенсияи байналмилалии об дар раванди муттаҳид сохтани кӯшишҳои мамлакатҳои ҷаҳон иқдоми муҳимтарине хоҳад гашт, ки он принсипҳои ҷомеи сиёсати обро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи истеъмолкунандагони об ва ҳимояи онҳо аз офатҳои табиии марбут ба об муайян хоҳад кард.

Пешгирии офатҳои табиии марбут ба об дар ҷаҳон, ва минҷумла, дар Тоҷикистон фаъолияти байнисоҳавӣ ба шумор меравад.

Ин масъала бунёди бунгоҳҳо ва истгоҳҳои шабакаҳои гидрометеорологӣ, низоми таҳлили маълумот, сатҳи таҳияи қонунҳо ва назорати мунтазами манотиқи марбута, омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳиро дар мавриди рух додани офат дарбар мегирад.

Табиист, ки ба ҳамаи ин масъалаҳо таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намуда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ кардан лозим аст, то ки ба ниёзҳои рӯзафзуни аҳолӣ ҷавобгӯй бошанд.

Дар ин майдони фарох имкониятҳои ҳамкорӣ фаровонанд ва мо умедворем, ки рушди фаъолиятҳо дар ин замина дурнамои хубе доранд.

Дӯстони азиз!

Мо дар ин конфронс силсилаи проблемаҳои барои халқҳои Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим, аз ҷумла, офати бузурги экологии баҳри Арал ва хавфи канда шудани банди оби кӯли Сарези Помирро сарфи назар карда наметавонем.

Аҳолии бештар аз 50-миллионнафараи Осиёи Марказӣ дар давоми сеяки охири асри ХХ дар ҳавзаи баҳри Арал бо бӯҳрони экологие рӯбарӯ гардид, ки ҷомеаи ҷаҳон онро ҳамчун офати умумибашарии аср эътироф кардааст.

Дар давоми солҳои 1960–1990 масоҳати калони замин дар минтақа обёрӣ карда шуд. Дар натиҷа майдони он қариб ду баробар афзуда, аз 4,3 ба 8,2 миллион гектар расид (аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон - 4,3, Туркманистон - 1,7, Қазоқистон - 0,8 ва Тоҷикистон 0,3 миллион гектар замини нав кушода шуд).

Бар асари он ҳаҷми масрафи об барои обёрии ин заминҳо ду баробар зиёд шуда, ҳаҷми резиши об ба баҳри Арал хеле кам гардид. Яке аз сабабҳои асосии хушкшавии баҳри Арал дар ҳамин аст.

Хушк шудани баҳри Арал натиҷаи сиёсати ғайриоқилонаи ҳамон давра мебошад, ки ба даст овардани фоидаро аз истеҳсоли барзиёди пахта ва шолӣ афзалтар дониста, хусусиятҳои экологии минтақаро сарфи назар карда буд.

Оқибатҳои бӯҳрони баҳри Арал ба шароити зиндагии аҳолии минтақа таъсири манфӣ расонд.

Рӯз то рӯз кам шудани об ва бадтар гардидани сифати он сабаби хароб гардидани таркиби хок ва қабати ҳосилхези он, тағйироти ҷиддии манфии олами набототу ҳайвонот, қариб аз байн рафтани соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди он, инчунин кам шудани самараи зироаткорӣ гардид.

Бо вуҷуди душвориҳои ҷиддие, ки мамлакатҳои минтақа баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо онҳо рӯбарӯ гардиданд, роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ зарурати ҳамкориро хусусан дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист дарк намуда, 26 марти соли 1993 Фонди байналмилалии наҷоти Аралро таъсис доданд.

Ҳадафи асосии он боздоштан ва ҳарчи камтар сохтани оқибатҳои бӯҳрони баҳри Арал, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани маълумоти бештар дар бораи ин офат, ҷалби маблағҳои панҷ давлати минтақа ва сармояи созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои мададгор ҷиҳати беҳтар сохтани вазъияти экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал мебошад.

Бояд зикр кард, ки Тоҷикистону Қирғизистони дорои захираҳои фаровони об бо вуҷуди дур будани мавқеи ҷойгиршавии онҳо аз баҳри Арал, худро аз ҳалли масъалаҳои ин офати табиӣ канор нагирифта, дар мубориза бо он ҳамсафи кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Бад-ин васила барои ҳамкориҳои васеъ ба муқобили офати азими табиӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

Тоҷикистон яке аз ташаббускорон ва таъсисдиҳандагони Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад ва ҳар сол 0,1 фоизи қисми даромади буҷети худро ба ҳисоби он мегузаронад.

Коршиносон ва мутахассисони тоҷик дар таҳия ва татбиқи бисёр лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки барои беҳтар сохтани вазъи минтақа мусоидат менамояд, ширкат варзида, як силсила корҳоро анҷом доданд.

Оби ҳавзаи баҳри Арал асосан дар қаламрави Тоҷикистон (64 километри мукааб ё 55,4 фоиз ) ва Қирғизистон (29,3 километри мукааб ё 25,3 фоиз) ташаккул ёфта, вале ҳаҷми зиёди оби дарёҳои минтақаро кишварҳои Қазоқистон (15,29 километри мукааб ё 11,4 фоиз), Туркманистон (27,07 километри мукааб ё 20,26 фоиз) ва Ӯзбекистон (71,69 километри мукааб ё 53,64 фоиз) истифода менамоянд.

Мехоҳам дар ин ҷо зикр намоям, ки сарфи назар аз захираҳои фаровон аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин намебошад.

Аз он ки, оби дарёҳои Омӯ ва Сир ба баҳри Арал рафта намерасад, масоҳати калони баҳр хушк гардида, ҳаво миллионҳо тонна намакро ба масофаҳои дур пош медиҳад.

Ин омил яке аз сабабҳои об шудани пиряхҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ гаштааст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, дар давоми 10 соли охир масоҳати пиряхҳои минтақа аз 30 то 35 фоиз кам гардидааст.

Тавре ки зикр кардам, ҳоло бо вуҷуди 35-40 дараҷа гарм будани ҳарорати ҳаво ва обшавии бештари барфу яхҳои кӯҳӣ ҳаҷми об ва воридоти он ба обанборҳо 30-35 фоиз кам гардидааст. Оқибати ногувори хушкшавии баҳри Аралро, меҳмонони азиз, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳузур доред ва аз дирӯз шоҳиди тирагии ҳаво ҳастед, дар кишвари мо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин боду ҳаворо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон «бориши хок» ё «боди афғонӣ» мегӯянд ва он натиҷаи хушкшавии баҳри Арал ва ба ҳаво печидани хоку намак аст.

Афзоиши гӯшношуниди демографии аҳолии Осиёи Марказӣ ҳамзамон бо камбуди захираҳои об, тағйиротҳои ба амаломадаи иқлим ва ба таври зарурӣ танзим нашудани маҷрои дарёҳо ва, қабл аз ҳама, Амударё, мушкилоти обро дар ин минтақаи сернуфус боз ҳам мураккабтар мегардонад.

Ҷониби дигари проблема дар он аст, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зарурати истифодаи васеи технологияҳои навини каммасрафи об ба миён меояд.

Зеро ҳоло ҳам дар минтақаи мо обёрии беш аз 8 миллион гектар замин аз рӯи усуле бобоӣ сурат мегирад, ки 70 сол пеш вуҷуд дошт. Воридоти технологияи нави обёрикунанда ва мавриди истифода қарор додани он дар кишварҳои минтақа хеле кам аст.

Дар минтақаи мо бо вуҷуди нарасидани об сарфи исрофкоронаи он ба мушоҳида мерасад, ки дар давоми як сол ба ҳар як нафар сокини минтақа тақрибан 4040 метри мукааб рост меояд.

Ҳол он, ки ҳисоби миёнаи масрафи об дар миқёси ҷаҳон барои як нафар 700 метри мукааб аст. Дар Осиёи Марказӣ бештар аз 90 фоизи об барои обёрӣ истифода мегардад, дар айни замон коэффициенти муфиди фаъолияти шабакаҳои ирригатсионӣ ҳамагӣ ба 50 фоиз баробар буда, қисмати боқимондаашро талафоти ғайриистеҳсолии об ташкил медиҳад.

Бинобар ин, истифодаи технологияҳои навтарини обёрӣ ва усулҳои замонавии он, инчунин парвариши навъҳои нави тухмӣ, ки барои оқилона истифода намудани об шароит муҳайё менамоянд, ба андешаи ман, вазифаи муҳимтарини сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ мебошад.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дар зарфи 17 сол қариб масоҳати кишти яке аз зироатҳои серталаби об - пахтаро 50 фоиз кам кард. Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли он, ки дар замони шӯравӣ ба як миллион тонна расида буд, ҳамагӣ 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, яъне мо истифодаи замини кишоварзиро диверсификатсия намудем ва дар оянда низ татбиқи ин сиёсатро идома хоҳем дод.

Бисёр муҳим аст, андозаи обе, ки ҳар сол мувофиқи нақшаи ҷомеи истифодаи захираҳои оби дарёҳои Сир ва Ому аз ҷониби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози масъалаҳои об тасдиқ карда мешавад, бояд то баҳри Арал рафта расад.

Бо дарназардошти ин нукта, муқаррар намудани нақшаҳои миллии идораи фарогири захираҳои об ва дар асоси принсипҳои дар Дублин муқарраргардида созмон додани механизмҳои иқтисодии истифодаи об хеле муҳим мебошад.

Ҳоло дар миқёси минтақа барномаи дуюми ҳавзаи баҳри Арал мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар бораи пешгирии оқибатҳои манфии офатҳои табиии марбут ба об фаслҳои алоҳида дорад.

Ман борҳо пешниҳод карда будам, ки ҳавзаи баҳри Арал барои ба даст овардани ҳадафҳои рушди ҳазорсола минтақаи афзалиятноки пилотӣ эълон карда шавад. Вале мо ба хубӣ дарк менамоем, ки ба системаи Созмони Милали Муттаҳид шомил намудани Фонди Арал вақту кӯшишҳои муайянеро тақозо менамояд.

Бинобар ин, мо чун қадами нахустин бо Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи иқтисодиву иҷтимоии он дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором меморандуми ҳусни тафоҳум имзо намудем.

Чун иқдоми навбатӣ, мо пешниҳод менамоем, ки ба Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар назди Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутттаҳид мақоми нозир дода шавад. Умед дорам, ки кишварҳои минтақа ин пешниҳодро дастгирӣ мекунанд ва ширкатдорони конфронси имрӯза онро дар санадҳои хотимавии худ инъикос хоҳанд кард.

Хавфи канда шудани банди оби кӯли Сарез, ки захираи оби он 17 километри мукааб мебошад, ба ҳаёти бештар аз 6 миллион сокинони Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳдид менамояд.

Ман борҳо пешниҳод карда будам ва бори дигар изҳор медорам, ки мо омода ҳастем тозатарин оби ин кӯли баландкӯҳро барои шикастани ташнагии миллионҳо нафар сокинони Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор диҳем.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисон оби кӯли Сарез, ки оби тозатарини ошомиданӣ аст, барои 40 миллион аҳолии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар он проблемаи об ҷиддӣ гардидааст, то абад басанда мебошад.

Мо алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастем ва 99 фоизи мардуми мо мусулмон ҳастанд. Мо ба офариниши ҷаҳон ва эъҷози Қуръони шариф имон дорем. Вобаста ба офариниши олам дар аксари динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини мубини ислом оятҳои зиёде нозил гардидааст ва арзиши об дар каломи Худо ба таври мушаххас баён шудааст.

Худои таъоло дар каломи осмонии худ обро бо сифатҳои муборак тавсиф кардааст ва калимаи муборак дар он ба маънии файзу баракат омадааст.

Дар баробари ин, дар урфу одоби мардуми куҳанбунёди тоҷик об ҳамчун манбаи ҳаёт шинохта шудааст. Аз ин рӯ, обро сарчашмаи ободониҳо ва рӯшноӣ медонанд ва муҳимтар аз ҳама, шахси ташнаро об додан аз муқаддасоти миллат ва фарҳанги ҷаҳоншумули мост.

Тамоюлҳои ҷаҳонии пешрафт нишон медиҳанд, ки арзиши об дар ояндаи наздик нисбат ба арзиши нафту газ баланд хоҳад шуд. Ва аллакай имрӯз нарасидани об дар минтақа ва ҷаҳон собит месозад, ки ин неъмати табиӣ чӣ қадар бебаҳост.

Бинобар ин мо зарур мешуморем, ки барои муқаррар намудани асосҳои амалӣ сохтани ин пешниҳод, инчунин ҳифзи аҳолӣ аз хатари канда шудани оби кӯли Сарез консорсиуми байналхалқӣ ташкил карда шавад. Дастгирии ин пешниҳод танҳо ва танҳо ба манфиати мардуми минтақа аст.

Сардии ғайритабиии зимистони соли гузашта возеҳан нишон дод, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ иқтидорҳои соҳаи электроэнергетика барои қонеъ гардонидани ниёзҳои мавсими зимистони сард комилан нокифоя аст.

Кам шудани захираи об дар обанборҳо ва нерӯгоҳҳои обии барқии Тоҷикистон ин вазъиятро дар кишвари мо боз ҳам душвортар гардонид.

Аз ин ҳолат танҳо як хулоса баровардан мумкин аст, ки дар мавриди набудани захираҳои калони нафту газ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии минтақа, ки 90 фоизи захираҳои он ба Тоҷикистон ва Қирғизистон рост меояд, ҳарчи тезтар истифода бурдан зарур аст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои сохтани обанборҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ қариб 15 маҳалли мувофиқ муайян карда шудааст.

Ин имкон медихад, ки ҳамзамон бо силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии дарёи Вахш ҳар сол то 67 километри мукааб об танзим карда шавад, ки он 58 фоизи миқдори миёнаи солонаи оби ҳамаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад.

Дар ин маврид миллионҳо гектар замин, алалхусус, дар кишварҳои поёноби минтақа аз хавфи обхезӣ ва хушксолӣ наҷот меёбанд.

Дар ин ҷо мехоҳам як нуктаро бори дигар махсус таъкид намоям, ки ягон барнома ё нақшаи рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон бар зарари мамлакатҳои ҳамсоя амалӣ нахоҳад шуд.

Таҳлили раванди ҳалли проблемаҳои оби давлатҳои Осиёи Марказӣ дар давоми 15-17 соли охир нишон медиҳад, ки минтақа ба таҳия намудани ҳуҷҷати дахлдори асосноку доманадор, яъне ба истилоҳ доктринаи истифодаи об ниёз дорад, ки принсипҳои фарогири сиёсати обро бо дарназардошти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об, манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагон ва истеъмолкунандагони он дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, зарурати пурзӯр намудани ҳифзи муҳити зист ва умуман кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор инъикос карда тавонад.

Умедворам, ки пешниҳодҳои зикршуда дар ҷаласаҳои алоҳидаи конфронс ҷиддан мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифта, роҳҳои беҳтарини татбиқи онҳо муайян карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, истифодаи ҳамаҷонибаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи муносибатҳои оқилона ба идораи захираҳои об, ки коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об ҷузъи муҳимтарини он мебошад, барои мо аҳамияти хоса дорад.

Дар ин росто андешаи ман чунин аст, ки ба доираи фаъолияти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар масъалаи ба шароити минтақа мувофиқ сохтани принсипҳои идоракунандаи банақшагирии стратегӣ ва танзими захираҳои об, ки аз ҷониби ин Комиссия таҳия шудааст, дар қисмати ҳалли проблемаҳои баҳри Арал ва Тоҷикистон тавсеа бахшидан зарур аст.

Комиссияи мазкур бояд бо дарназардошти зарурати барҳам додани камбизоатӣ ва ба даст овардани ҳадафҳо дар доираи нақшаи Йоҳаннесбург, ҷиҳати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳияи нақшаҳои танзими доманадори захираҳои об расонидани кӯмакҳоро ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф пешбинӣ намояд.

Бозрасии муассири байналмилалии ҷараёни иҷрои қарорҳои вобаста ба проблемаҳои об қабулшаванда омили заруртарини рушди ҳамкорӣ ҷиҳати муқаррар намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи давлатҳои аъзо мебошад.

Аз ин рӯ нақши фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва, муҳимтар аз ҳама, нақши механизми он – «Созмони Милали Муттаҳид – захираҳои об» хеле муҳим аст, зеро имсол аллакай соли чоруми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» аст.

Ман дар иҷлосияи 60 - уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутттаҳид бо мақсади баррасии самараи тадбирҳои дар давоми даҳсола андешидашаванда пешниҳоди дар Тоҷикистон гузаронидани конфронси байналхалқиро дар соли 2010 ба миён гузошта будам, ки ҳадаф аз он ба самъи ҷомеаи ҷаҳон расонидани натиҷаҳои кори панҷсола мебошад.

Умедворам, ки ширкаткунандагони конфронси имрӯза ин пешниҳодро дастгирӣ хоҳанд кард.

Дар ин маврид муҳим аст, ки аллакай имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани ин пешниҳод тавассути механизми «Созмони Милали Муттаҳид - захираҳои об» бояд ба корҳои омодагӣ шурӯъ намояд ва мавзӯъҳои муҳокимаи проблемаҳои об, аз ҷумла коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба обро муайян намояд.

Умед аст, ки дар ин конфронс роҷеъ ба масъалаи мазкур табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Дар хотима мехостам бо истифода аз ин имконияти мусоид ба Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони муассисаҳои махсуси он, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Агентии рушди ҳамкории Швейсария, Фонди ҳамкории техникии Олмон ва созмонҳои дигари байналхалқӣ, инчунин давлатҳои алоҳида ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ташкили конфронси имрӯза саҳм гирифтаанд, изҳори сипос намоям.

Мо умедвори баррасӣ ва муҳокимаҳои мароқовар ва муассири иштирокчиёни конфронс мебошем, ки ҳадафи онҳо ҷустуҷӯи тадбирҳои муштараки фаъолияти амалӣ ва самарабахш бо мақсади ҳарчи камтар сохтани таъсири офатҳои табиии марбут ба об мебошад.

Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки ҳарчанд ин вазифа мураккаб ва заҳматталаб аст, дар айни замон ин вазифаи воло, бешубҳа, иҷрошаванда аст ва ҳадафи он беҳтар сохтани шароити зиндагии одамон мебошад.

Бо ибрози ташаккур ва сипос барои иштирок дар ин конфронс ба ҳамаи Шумо муваффақият ва комёбиҳо орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520