Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

08.09.2023 10:40, шаҳри Душанбе
Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ  08.09.2023

8 сентябр дар майдони “Истиқлол”-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздики 20 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони Истиқлоли пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро карда шуд.

Маросими бошукуҳи ҷашнӣ, бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад.

Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.

Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин ду ҷашни бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокчиёни паради ҳарбӣ - афсарону сарбозонро самимона табрику шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

“Мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиҳони фоҷиабор гузаштанд ва ба аҳли башар нишон доданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд, Ватани хешро аз ҳар гуна мушкилоту озмоишҳо раҳоӣ бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд”, - иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни кишвар ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунанд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва бо дарназардошти вазъи мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакат амалӣ карда истодааст.

Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вазифадор шуданд, ки дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳон ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар сурати таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имкон дошта метавонад.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки  афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба савганди ҳарбӣ, ба давлат, миллат ва Ватани худ минбаъд низ содиқ монда, вазифаҳои бадӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тупҳо 30 шиллик парронда шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 20 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ гардид.

Таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.

Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону бонувони Қувваҳои мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520