Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат

06.03.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Модарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва тамоми бонувони иззатманди Тоҷикистонро ба муносибати Иди байналмилалии занон самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон бахту саодат, иқболи нек, сарбаландӣ, хонаободӣ ва осудаҳолӣ орзу менамоям.

Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.

Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Зеро хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Гузашта аз ин, ашъори зиёди гузаштагони номдори мо, ки ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳат, матонат ва садоқати занону духтарони тоҷик бахшида шудаанд, дар давоми садсолаҳо вирди забони мардум ҳастанд ва дар авроқи заррини таърих абадӣ боқӣ мондаанд.

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.

Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва бебадал мебошад.

Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

Соли гузашта мо бо шумо ҳангоми мулоқот ба таври васеъ масъалаҳои муҳими ҳаёти занони кишварро мавриди баррасӣ қарор дода будем.

Дар асоси он як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд, ки қабул гардидани барномаи давлатӣ оид ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯйдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсиси маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", барқарор намудани корхонаи коркарди мева дар ноҳияи Рашт, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани беморхонаи ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, ба шабакаи Интернет пайваст кардани Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ки дар доираи дастуру супоришоти дар вохӯрӣ додашуда таҳия ва қабул гардид, 22 масъалаи марбут ба занон мавриди ҳаллу фасл қарор дода шудааст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар шароити имрӯзаи мамлакатамон дар сабук намудани мушкилоти занон дар баробари давлат ва Ҳукумат, инчунин худи занон ва ҳар як фарди баору номусе, ки модари худро азиз медонад ва ватанпарасту ватандӯст ва худогоҳу масъулиятшинос аст, бояд саҳмгузор бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми понздаҳ соли истиқлолият дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба масъалаҳо ва мушкилоти занон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои тадриҷан аз байн бурдани онҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бо мақсади танзими ҳаёти занон ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо ҳоло мо дар мамлакатамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлативу миллиро қабул ва дар амал татбиқ намуда истодаем.

Илова ба ҳамаи он, барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа моҳи ноябри соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қарори худ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016-ро қабул кард, ки ҳоло татбиқи он оғоз ёфтааст.

Дар доираи татбиқи тамоми он ҳуҷҷатҳо масъалаҳои ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд.

Дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти идоракунии давлатӣ аз ҳисоби занон торафт афзун мегардад.
Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани квотаи Президентӣ аз соли 1997-ум то инҷониб зиёда аз 6 ҳазор нафар духтарон ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда шуданд.

Ҳамчунин аз тариқи додани афзалияти бештар барои аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд тайёр кардани кадрҳои педагогиву тиббӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заргариву дӯзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мо масъалаҳои таъминоти занонро бо кор ва барои онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро тадриҷан вусъат медиҳем.

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон чун соли гузашта имсол низ барои додани 20 гранти Президентӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Албатта, тадбирҳои андешидаи мо дар бобати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳанӯз кофӣ нест. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин ҳамаи мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки дар баробари таъмини татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, ҳамзамон дар бораи ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбариву таъин кардани занону духтарони соҳибмаърифату қобилиятнок, боиффат ва ба онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Мо мушкилоти имрӯзаи шуморо - занони мӯҳтарам хуб медонем. Бо дарназардошти онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба занонро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Бояд таъкид намуд, ки зани тоҷик дар баробари дили бузург доштан басо мушкилнописанд ва шукргузор аст. Ба ин, эътимоди ман пас аз сӯҳбат бо як гурӯҳ занону духтарони пахтакори хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Қумсангир, ки моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд, боз ҳам комил гашт.
Зеро сарфи назар аз мушкилоту харобкориҳои пешовардаи заминларзаи рӯзи 29 июли соли 2006-ум ва каму костии зиндагии худ онҳо ба пурсишҳои такрор ба такрори ман "Мо ягон камбудӣ надорем" мегуфтанд. Гумон доштам, ки шояд ба онҳо шикояту гилагузорӣ накарданро таъкид намуда бошанд ва аз ин рӯ бо исрор талаб кардам, ки хоҳишу дархостҳои худро озодона гӯянд. Баъд онҳо чунин гуфтанд: "Ба мо Шумо сулҳ овардед, акнун танҳо бо барқ таъмин намоед, шуд".

Бо дарки масъулият дар назди шумо - модарону хоҳарони азиз бори дигар изҳор менамоям, ки ҳамаи мушкилоти мавҷудаи имрӯзаи мардуми кишвар муваққатӣ ҳастанд ва солҳои наздиктарин мо онҳоро бартараф хоҳем кард.

Аз кӯшишу талошҳои давлат ва Ҳукумат дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ҳар яки шумо огоҳӣ доред. Бо дарназардошти он, ки бе таҳкими иқтидори энергетикӣ пешрафту тараққиёти устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан душвор аст, мо ҳоло ду нерӯгоҳи пуриқтидор, яъне Сангтӯда 1 ва 2-ро бо суръат сохта истодаем.

Ҳамчунин дар назди худ мақсад ва вазифаи қатъӣ гузоштаем, ки дар баробари нерӯгоҳи барқи обии Роғун боз якчанд нерӯгоҳҳои хурду бузургро ҳам бунёд намуда, на танҳо эҳтиёҷоти худ, балки дар ояндаи наздик кишварҳои ҳамсояро низ бо барқ таъмин намоем.
Дар айни замон барои сабук кардани мушкилоти иҷтимоии мардум ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бонкҳо супоришоти қатъӣ дода шудаанд.

Мутобиқи онҳо дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт ташкил карда шуда, вобаста ба тағйир додани механизми маблағгузорӣ ва самарабахш гардонидани соҳаи пахтакорӣ, ки аксарияти кормандони онро занон ташкил медиҳанд, инчунин барои дар ноҳияҳои кӯҳистон густариш додани соҳибкории хурду миёна ба таври васеъ ҷорӣ кардани пешниҳоди қарзҳои хурд тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Итминони комил дорем, ки дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳоямон, яъне рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ мо дар солҳои наздик сифати зиндагии мардум ва ободиву шукуфоии Ватани азизи худро ба сатҳи дилхоҳ хоҳем баровард.

Албатта, дар ин самт мо ба нерӯ, рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории шумо - модарон ва хоҳарону духтарони азиз такя менамоем.

Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда талқин мекарданд ва имрӯз низ ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

Бузургии зан-модар дар ҳамин хислати ӯ низ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст, нозил намешуд.

Дар он Худованд шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мардро ба таври возеҳ зикр намуда, иззату эҳтиром ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба занонро аз ҷумлаи воҷиботи имонии ҳар як мусулмон фармудааст.

Пайғамбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад низ дар ҳадиси худ чунин гуфтааст: "Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред".

Имрӯз мавқеи занони тоҷикро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ метавон арзёбӣ намуд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла дар интихоботи баргузоргардидаи Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи он мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода карда, ба ҳамаи шумо - модарону хоҳарон ва духтарони арҷманди кишвар барои ширкати фаъол дар интихобот ва эътимоду боварие, ки ба ман зоҳир намудед, як ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ба хотири тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик дар баробари як қатор муқаддасот ман маҳз ба шири сафеди модар, ки неъмати азизтарину бузургтарини ҳаёти инсонист, қасам ёд карда, масъулияти азимро ба зиммаи худ гирифтаам.

Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод.

Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.

Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро зан чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст.

Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.

Яке аз омилҳои асосии рӯзгори бонизом ва некӯаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст.

Вале, афсӯс, ки ҳоло ҳам баъзе занону модарон барои намоиш додани сарватмандии хонадони худ маросимҳои оддии гаҳворабандону сартарошон, хатнатӯй, фотиҳатӯй, чойгаштак, арӯсталбону домодталбонро, ки бояд дар доираи оила сурат гиранд, бо даъват кардани меҳмонони зиёд, ҳатто аз шаҳру ноҳияҳои дигар, ба маъракаҳои калону пурдабдаба ва серхароҷот табдил медиҳанд.

Дар пайравӣ ба онҳо бошад баъзе оилаҳои дигар дучори мушкилоти молиявӣ мегарданд. Ҳол он ки дар ҷомеаи дорои вазъи мӯътадили иҷтимоӣ, баръакс оилаҳои сарватманд дар масъалаи сарфакорӣ намуна ҳастанд.

Зан муназзими рӯзгори оила аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати худ ва имконияту вазъи оилавии худ дар танзими расму оинҳои мардумӣ, ки мо онро ба яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ табдил додаем, саҳми бештар дошта бошанд.

Дар бораи мавқеи зан-модар дар пешгирии хароҷоти беҳудаи оилавӣ сухан ронда, мехостам нуктаеро низ зикр намоям, ки моҳияти таҷлили иди занон фақат аз харидану ба онҳо тақдим кардани тӯҳфаҳои гаронбаҳо иборат нест. Мо онро ба хотири ба қадру манзалат, меҳру муҳаббати поку самимии модарон, занону духтарон арҷ гузоштан ва ба онҳо изҳор кардани ҳурмату эҳтироми бепоёни худ ҷашн мегирем.

Аз ин нуктаи назар бояд занону модарон ва хоҳарони мо хуб дарк намоянд, ки онҳо дар оила ва ҷомеа то кадом андоза соҳиби мартаба ва мавқеи баланд ҳастанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.

Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

Ватани мо - Тоҷикистон гаҳвораи забони тоҷикӣ-форсӣ ва шеъри оламгири Рӯдакист. Ба хотири бузургдошти ашъори ноби тоҷикӣ-форсӣ ва забони модарӣ мо соли оянда 1150-солагии ҷашни Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва арҷ гузоштан ба шӯру шавқи калимоти орифонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имсол 800-солагии ӯро таҷлил менамоем.

Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бинобар ин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.
Давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ - таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дар охир шуморо - модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, бори дигар ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон - Наврӯзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Шумо - занону духтарони меҳрубон гули ҷомеаи мо ҳастед. Бигзор, чун гул чеҳраи шумо ҳамеша хандону шукуфон бошад!

Бигзор, тамоми орзуву ормоне, ки дар дил доред, амалӣ гарданд!

Бигзор, ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд!

Бигзор, ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону бародарони худ саодати рӯзгор ва камолоти пирӣ насибатон гардад!

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520