Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2008 20:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия» баррасӣ ва қабул карда шуд.

Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2008 тасдиқ карда шуда, ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи ирригатсия шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни замон, дар соҳаи ирригатсия 4 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 350 млн. сомонӣ (102 млн. доллари ИМА) амалӣ мегарданд.

Тавассути ин лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Бобоҷон ?афуров, Ваҳдат, Фархор, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Рӯшон корҳои беҳтар намудани интиқоли оби нӯшокӣ, системаи обёрӣ, хизматрасонии кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, обёрӣ намудани ҳазорҳо гектар заминҳои нав ва дигар корҳои пурманфиат анҷом дода мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки баҳри баланд бардоштани суръат ва сифати азхудкунии маблағҳои ҷудогашта, истифодабарии мақсадноки онҳо ва омода кардани ҳисоботи воқеӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Сипас ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар бораи истифодабарии самараноки заминҳои кишоварзӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷоннок намудани корҳо дар истифодаи пурсамари заминҳои корам ба роҳбарияти вилояти Хатлон дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки баҳри ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани наздики 21 ҳазор гектар заминҳои обии партов (боир), беҳтар намудани вазъи мелиоративии ҳазорҳо гектар заминҳои обӣ, баргардондани заминҳои бекормонда аз истифодабарандагони ноӯҳдабаро, пешгирӣ намудани изофанависӣ, вусъат додани кишти такрории заминҳои обӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти Академияи улуми Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва Вазорати маориф дуруст ба роҳ мондани сиёсати омодасозии кадрҳо ва ташкил намудани ҳамоҳангии байни муассисаҳои илмӣ ва соҳаи маорифро талаб намуд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шуда, Вазорати тандурустӣ ҳамоҳангсози кори ҳамаи вазорату идораҳои марбута дар ин самт муқаррар гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ва Низомнома ва ҳайати Шӯрои илмию таҳририи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» тасдиқ карда шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи босамари барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ, ки барои он дар Тоҷикистон имкону захираҳо хеле фароханд, аз ҷумла барои барқарорсозии хоҷагиҳои мавҷудаи моҳипарварӣ ва ташкил намудани хоҷагиҳои нав ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор баҳри иҷрои Барномаи рушди ВМКБ, таъмини он бо маводи озуқаворӣ, суръат бахшидани сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар шаҳри Хорӯғ, кӯмак ба деҳқонони кишвар дар ҷамъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои обӣ, омодагии ҷиддӣ дидан ба зимистони оянда, аз ҷумла тавассути тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва захира намудани маводи сӯхту озуқаворӣ ва ҳамчунин баҳри омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520