Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Молики

29.08.2023 10:25, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Молики  29.08.2023

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Пешвои миллат ташрифи Риёз Ал-Моликиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе табрику муборакбодӣ намуданд. Зимнан, таъкид гардид, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир хоҳад кард.

Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдори аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо таъкид карданд. Ҳамзамон бо ин, тавсеаи тамосҳои корӣ байни вазорату ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба суди кор дониста шуд. Самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тиб аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷом Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз суҳбат ба мардуми бародари Фаластин сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520