Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

14.08.2012 18:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Покистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар – сидқан табрику таҳният гӯям.

Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар ду – се соли охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон, мисли ҷониби Покистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба – ба хотири таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа – ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.

Бо арзи табрики муҷаддад, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Покистон амну субот, ҳаёти осудаю босаодат ва пешрафту рифоҳ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520