Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 12-ошёна дар шаҳри Хоруғ

17.08.2023 09:18, шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 12-ошёна дар шаҳри Хоруғ   17.08.2023

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.

Ба хотири истиқбол аз Пешвои созандаву бунёдкори миллат шумораи зиёди сокинони шукргузори вилоят меҳмони воломақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ бо манзили хизматӣ дар маркази вилоят бунёд гардид.

Ёдовар мешавем, ки хишти нахустин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ соли 2016-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Дар манзилҳои истиқоматӣ мутобиқ ба талаботи замон барои зисту зиндагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохили хуҷраҳои истиқоматӣ дидан намуда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд бунёд кардани хонаҳо баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарони толеъбаландро, ки имрӯз соҳиби хонаҳои барҳаво гаштанд, барои хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки хонаҳои истиқоматӣ дорои ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин гардида, тӯҳфаи беназири Пешвои миллат барои кормандони низомӣ ба ҳисоб меравад.

Хизматчиёни ҳарбӣ - соҳибони манзилҳои истиқоматӣ, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд.

Дар заминаи иқдомҳои хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи зарардида калиди хонаҳои нави истиқомтиро тақдим намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст то дар ҳолатҳои фавқулодда ва табииву техногенӣ аҳолии кишварро таҳти ҳимоя ва ғамхории ҳамаҷонибаи худ қарор диҳад.

Ҳар як оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ аз ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакат дар он рӯзҳои сахт ёдовар шуда, барои дастгириҳову пуштибониҳо миннатдории самимии хешро баён намуданд.

Паймонкори асосии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад, ки дар муҳлати муайяншуда, сохтмони бинои истиқоматиро ҷавобгӯ ба талаботи шаҳрсозию меъморӣ ба анҷом расонд.

Дар раванди корҳои сохтмонӣ 4 ширкати маҳаллӣ, аз қабили  Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “М-сервис”, “Амир Амза”, “Ҷовид” ва “Ватан” саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.

Дар баробари хонаҳои истиқоматӣ ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Босифат-2018” ва маркази хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якум маркази савдои муосир ташкил гардид, ки барои таъмини истиқоматкунандагон бо маводи ниёзи аввалия ва дигар молҳои рӯзгор ташкил гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдароҳҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди “Суман”-и шаҳри Хоруғ зиннат дода шуда, ба хотири сайру саёҳати шомгоҳии сокинон 10 сутуни равшанидиҳанда шинонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520