Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз

15.08.2023 12:16, ноҳияи Дарвоз
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз   15.08.2023

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рател Паста”-ро  ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи истеҳсоли макарон дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-cолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди саноат” бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо 12 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Аксари коргарони корхона занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, ки қаблан хонашин буданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ аз навъҳои гандум ва орди аълосифат бо шаклҳои гуногун беш аз 10 намуди макарон истеҳсол шуда, дар борхалтаҳои аз 450 то 900 грамм бастабандӣ карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3,6 тонна макарони босифат мебошад. Корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 75,6 тонна ва дар як сол наздики 1000 тонна макарон истеҳсол намояд.

Раванди истеҳсоли макарон тавассути хати муосири технологӣ аз тайёр кардани хамир, ба шаклдарорӣ, буридани маҳсулоти хом, хушк сохтан, ҷудо намудан ва бастабандӣ кардан иборат мебошад. Ин раванд давоми 45 дақиқаро дар бар гирифта, дар натиҷа макарони аълосифат истеҳсол мегардад.

Масоҳати бинои истеҳсолӣ 350 метри мураббаъро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз аз зумраи аввалин корхонаҳои саноатӣ аст, ки ба истеҳсоли макарон шуруъ намуд.

Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои корхонаи саноатӣ, ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва ба содирот баровардани истеҳсолоти ватанӣ ба масъулон маслиҳат ва тавсияҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520