Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати ҷашни Наврӯз

21.03.2006 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад.

Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирӯзии нур бар зулмат ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.

Бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад ва паёми сабзи ошноӣ хурду калонро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад.

Ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон Наврӯзи Аҷамро самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат, хонаи обод, зиндагии осуда ва сарсабзиву комёбиҳо орзу менамоям.

Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст.

Кишвари мо - Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

Рамзи нахустини оини Наврӯз нур ва равшании офтоб буда, аз дурахши он гулбаргҳои лола шукуфон мегардад ва мардуми мо низ онро иди "Гули сурх" номидаанд.

Бинобар ин ниёгони мо расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои Фалаку Шашмақом, ҷуфтбарории деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ дошта, аз файзи истиқлол ба он шукӯҳу шаҳомати хоса афзудаанд.

Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад.

Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҷамшед аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ маҳсуб ёфта, шаш рӯз таҷлил мегардид.

Суруду навоҳои сурурангези наврӯзӣ тавассути ҳунари ромишгари беҳамто Борбад ва шеъри Рӯдакӣ овозаи оламгир пайдо кардааст.

Имрӯз ҷашни Наврӯз дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақоми давлатиро соҳиб гардида, аз рӯи суннати аҷдодӣ дар саросари кишвар чор рӯзи истироҳат эълон намудем.

Тоҷикон аз қадим ҳамчун мардуми хирадпешаву фарҳангофарин шӯҳрат пайдо кардаанд. Боиси ифтихор аст, ки расму оини наврӯзӣ низ бо мурури замон аз ҷониби мардуми сарзаминҳои ҳамҷавор эътироф ва қабул гардидааст.

Дар Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ таҷлили Наврӯз ба худ маънии тозаро пайдо кардааст. Дар сарзамине, ки имрӯз ворисони мардуми ориёӣ, яъне тоҷикон зиндагӣ мекунанд, беҳтарин суннатҳои қадимӣ эҳё мегарданд.

Миёни ин суннатҳо метавон даҳҳо падидаи асили фарҳангиро ба мисоли мусиқии суннатии Шашмақому Фалак, оинҳои достонсароӣ ва шоҳномахонӣ ҳунарҳои беназири дастӣ, осори меъморӣ ва наққошӣ номбар намуд.

Наврӯзи имсола дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон саҳифаи наверо оғоз мекунад.

Бузургдошти ҷашнҳои 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб маҳз ба хотири эҳё намудани асолати таърихии суннатҳои мо ва аз нав пойдор намудани эҳсоси ватандӯстиву мояи худшиносӣ дар замири мардум сурат хоҳанд гирифт.

Дар ин робита моҳи сентябр Анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ баргузор мегардад ва аз тамоми гӯшаву канори олам ворисони мулки Аҷам ба ватани аслии Наврӯз - Тоҷикистон хоҳанд омад.

Мо ба ҳамзабонону ҳамватанони худ рамзу суннатҳои беҳтарини миллии худро намоиш хоҳем дод.

Диёри тоҷикон дар замони начандон тӯлонии таҳкими Истиқлолият ба кишвари сулҳу ваҳдат, ҳамфикриву ҳамбастагии аҳли ҷомеа табдил ёфт. Аз шарофати сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ имрӯз дар мамлакати мо сохтмони бузургтарин иншоотҳои энергетикиву коммуникатсионӣ оғоз гардидаанд, ки фардо барои қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳли ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Нерӯгоҳҳои азими барқии Сангтӯда ва Роғун истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуда, Тоҷикистони азизи мо дар сафи мамолики пешрафтаи олам мақом ва манзалати хосаи худро соҳиб мегардад.

Муждаи нави Наврӯзи имсола - ин кушода шудани нақби Анзоб ва эҳёи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мебошад. Роҳсозиву роҳкушоӣ ва бунёдкориву созандагӣ тадриҷан ба меъёри давлатдорӣ ва мазмуни зиндагии мо табдил меёбад.

Мо дар таърихи чандинҳазорсолаи ҳастии миллати тоҷик ҳамаи минтақаҳои дуру наздики ватанамонро бо роҳҳои ҳозиразамон пайваст мекунем, ба чаҳор самти олам ва аксари кишварҳои Шарқу Ғарб роҳҳои нав мекушоем.

Ин амал минбаъд барои мустаҳкам шудани ваҳдати мардуми кишвар ва рушди комилан ҷадиди иқтисодиёти мамлакат хизмат хоҳад кард. Рӯзи 23 март нақби Анзоб ба истифода дода мешавад ва минбаъд бунёди нақбҳои Шаҳристон ва Шаршар низ оғоз хоҳанд ёфт.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон - худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳилаи пайгиронаи бунёдкориву созандагиҳо баҳори шукуфтани ғунчаҳо ва айёми ҳосил фаро мерасад.

Наврӯз рамзи баҳор - оғози баракати сол аст. Баракати ҳосили деҳқон аз заҳмати рӯзафзуни баҳор оғоз мегирад. Аз ин лиҳоз, мо аз ин ибтидои баҳори имсола дар боғу хиёбонҳо даҳҳо ҳазор дарахтони мевадиҳанда шинондем.

Имрӯзҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастааст, то ки кишвари офтобию ҳамешабаҳорамон зеботару нурафзотар гардад.

Бигузор дар ин рӯзҳои фараҳбахши баҳорӣ дилҳои моломоли ифтихору садоқати мардуми азизи кишвари мо аз ҷилваи пурназокати Наврӯзи оламоро саршор гардад!

Бигузор Наврӯзи имсола кору пайкори созандагӣ ва шӯҳрати сарзамини офтобию ҳамешабаҳори моро ба чаҳор самти олам расонад!

Бори дигар шумо - ҳамватанони азиз, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалиро бо ҷашни Наврӯзи фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор ва комёбиву барори кор орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520