Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни корҳо дар майдони назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023 12:14, шаҳри Роғун
Боздид аз ҷараёни корҳо дар майдони назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”  09.08.2023

Дар идомаи боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ шинос шуданд.

Ин қисмати хатти конвейерӣ дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи об барои интиқолу захира намудани маводи шағал аз қисматҳои болоӣ ба поёнии сарбанд хизмат хоҳад кард. Қисмати ҳавоии иншооти мазкур аз болои Сойи оби шӯр гузашта, дарозии хатти конвейерӣ дар ин қитъа 640 метрро ташкил медиҳад. Дар соҳили чап ва рости хатти мазкур бетонхобонии таҳкурсиҳои он пурра анҷом ёфта, боқимондаи корҳо тибқи нақша бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба идома ёфта истодааст.

Феълан як қисмати таҷҳизоти хатти конвейерӣ дар таҳкурсии бунёдёфта насб гардида, мутахассисон барои пайваст намудани боқимондаи қисматҳои иншоот корбарӣ доранд.

Таҷҳизоти хатти конвейерӣ аз ширкати итолиёвӣ дастрас гардидаву насб карда мешавад ва ин иншоот корро дар самти интиқоли маводи шағал аз як қисмати сарбанд ба қисмати дигари он осону камхарҷ хоҳад кард. Паҳноии тасмаи хати конвейерӣ 1400 мм ва иқтидори он дар 1 соат кашондани 3 ҳазор тонна мебошад.

Корҳои сохтмонии қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ аз ҷониби ширкати “Вибилд” иҷро гардида, барои саривақт бунёд намудани хатти мазкур шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст. Сохтмончиён кушиш доранд,   бо дарназардошти талаботи сохтмонӣ  иншооти  мазкурро дар муҳлати муқараргардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Майдончаи сохтмонии №5 дидан намуданд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ  қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ омода карда мешаванд.

Айни ҳол дар ин қитъа корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо бо қутри 7 метр, ки ҳар кадоми он то 48 тонна вазн дорад, идома дошта, онҳо барои истифода дар обқабулкунаки агрегати №4 пешбинӣ шудаанд.

Қубурҳои мазкур дар шакли нимдавра дар Заводи гидромеханикии шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба неругоҳ ворид карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид карданд, ки пеш аз ҳама масъулин бояд ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар майдончаи мазкур ҳамчунин Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба ҷамъоварӣ ва васли қубурҳои шахтаи обрасонӣ-турбинаи агрегати рақами 3 шурӯь намудааст. Тибқи лоиҳа, дар ин қисмати неругоҳ то сатҳи 1125 метр, 2284 тонна оҳанфулузот истифода хоҳад шуд, ки ин миқдор масолеҳ дар майдончаи сохтмонӣ аллакай барои васл кардан дастрас гардидааст ва бо назардошти талабот, қубурҳои мазкурро сохтмончиён дар муҳлати муқарраргардида омода хоҳанд кард. Бояд таъкид намуд, ки дар майдончаи сохтмонии мазкур ду ширкати ватанӣ - Ширкати ""Тоҷикгидромонтаж" ва Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба васлу омодакунии қубурҳои шахтаҳои обрасонӣ-турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо машғуланд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520