Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023 10:39, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун”   09.08.2023

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.

Дар ин қитъаи неругоҳ барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад ва то имрӯз 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва кӯбидашуда хобонида шудааст, ки нишондоди умумии иҷрои корҳо ба 90 фоизи нақша баробар мебошад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.  

Дар асоси лоиҳа дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, мутахассисон дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои заминиро ба сомон расондаанд.

Дар таҳкурсии ядрои сарбанд аз ҷониби мутахассисону коргарон барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 2615 чоҳ парма ва сементатсия карда шудааст. Дар умум аз рӯи лоиҳа дар ин мавзеъ 3014 адад чунин чоҳҳо ташкил карда мешавад. Ҳоло дар ин самт 87 дарсади корҳо ба иҷро расидааст.

Дар таҳкурсии ядрои сарбанд тибқи лоиҳа бо дарозии 350 метр галереяҳои сементатсионӣ, мушоҳидавӣ, заҳкашӣ ва дастрасӣ мавҷуд мебошад, ки корҳо аллакай дар 300 метр иҷро гардидааст.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар қисмати болоии таҳкурсии ядрои сарбанд маводи зиддиполоишии асфалт бо паҳноии 1,2 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Хобонидану тахту ҳамвор намудан, зич кардани маводи зиддиполоишии асфалтро мутахассисон дар асоси назорати озмоишгоҳи марказии неругоҳ аз тарози 969 оғоз намуда, феълан корҳо дар сатҳи 974 ҷараён дорад.

Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Маводи истифодашуда дар ядрои сарбанди асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгариро мутахассисону коргарони ширкати  “Вибилд”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва “Тревӣ” аз рӯи лоиҳаи “Грунер” пеш мебаранд.  

Хобонидани маводҳо дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст. Барои кашондан ва қабат ба қабат хобонидани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти муосири боркаш, булдозеру экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода мекунанд.

Аз ҳаҷми умумии 80 миллион метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанд то имрӯз ба андозаи 19 миллион метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст, ки 23 фоизро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, корҳои заминӣ 5,5 миллион метри мукааб, хобонидани сангу шағал 16,2 миллион метри мукааб, хобонидани санг 2,4 миллион метри мукааб ва хобонидани филтр 211,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 метр шинос шуданд.

Бо мақсади мустаҳкамсозии нишебии обқабулкунакҳои доимӣ корҳои сохтмониву анкергузорӣ дар чор мавзеъ, аз ҷумла “А”, “В”, “С” ва “D” аз рӯи нақша идома дорад.

Корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “А”  аз сатҳи 1504 то 1300 метр пурра иҷро гардида, насби лангарҳо (АЖГ) 65 фоизро ташкил медиҳад.

Дар минтақаи “В” аз сатҳи 1300 то 1152 метр корҳои таркишию хокӣ 83,5 фоиз, насби лангарҳо (АЖГ) 36 фоиз ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 41,6 фоиз ба анҷом расидааст.

Дар асоси лоиҳа  корҳои таркишию хокӣ пурра ба итмом расида, насби лангарҳо (АЖГ) 53,8 фоиз, лангарҳои фишордор (ПНА) 51,4 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “С”  аз сатҳи 1400 то 1150 метр 92,5 фоиз иҷро гардида, корҳои бетонӣ босуръат тибқи нақшаи корӣ идома доранд.

Дар минтақаи “D” корҳои таркишӣ ва хокӣ 90,3 фоиз,пошидани маҳлулҳои бетонӣ 21,2 фоиз иҷро гардида, корҳои васлу насби лангари “АЖГ” бо сифати баланд тибқи талаботи лоиҳа иҷро шуда истодааст. 

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 дар асоси назорати пайваста бо ҷалби мутахассисони ватанию хориҷӣ аз рӯи нақшаи фармоишгар пеш меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии анҷомшуда ва лоиҳаи нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба масъулон барои иҷрои босифати ҳадафҳо тибқи талаботи муқаррашуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520