Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023 10:35, шаҳри Роғун
Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”   09.08.2023

Дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L бо раванди корҳои бунёдӣ шинос шуданд.

Нақби мазкур ба иншооти ЛОТ-и 2 мансуб буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ, ширкати “Вибилд” ба зимма дорад. Ин нақб аз иншооти асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб рафта, бо риояи талаботи лоиҳавӣ бунёд мегардад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L 234 метр буда, аз сатҳи 1002 метр то 975 метр мавзеъ мегирад ва бо нақби сементатсионии G-1C, ки аз зери ядрои сарбанд мегузарад, пайваст мешавад.

Тибқи лоиҳа нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L аз 790 адад чоҳ иборат аст. Имрӯзҳо дар ин нақб марҳилаи охирини корҳо идома дошта, аз шумораи умумии чоҳҳо 680 адад парма ва сементатсия карда шудааст. Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи нақб аз ҷониби ширкати “Треви” ва зерпудратчии ширкати “Вибилд” иҷро гардида истодаанд.

Сифат ва муҳлатҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур аз ҷониби мутахассисон мунтазам назорат карда мешавад. Ҳамин аст, ки анҷоми корҳои бунёдӣ дар ин қитъаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” мувофиқи нақша ва дар доираи талаботи сохтмон сурат мегирад.

Нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L нақби муқимии неругоҳ буда, барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад. То имрӯз сохтмончиёни ватаниву хориҷӣ дар ин нақб корҳои нақбканӣ, таҳкимот ва хобонидани бетони конструктивии қисмати каф ва девору сақфро ба масофаи 234 метр ба анҷом расонида, марҳилаҳои баъдии корро идома медиҳанд.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён вусъат бахшидан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳоро талаб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳост. Бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520