Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023 09:10, шаҳри Роғун
Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”  09.08.2023

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонӣ АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ин нақб аз сатҳи баҳр дар баландии 1043 метр воқеъ буда, дарозии он 387 метрро ташкил медиҳад. Айни замон корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён дорад. Ҷалби коргарону мутахассисони баландихтисос ва тибқи талабот пеш бурдани раванди сохтмон ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо мусоидат кардааст.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои нақбканӣ 22 163 метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои иҷрошуда зиёда аз 12 ҳазор метри мукааб ва корҳои боқимондаи нақбканӣ 10 136 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон ва масъулини марбутаро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расонидани корҳо вазифадор намуданд.

Дар шохаи “А”-и нақби сохтмонии қабати 4-ум корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ дар ҳаҷми 128 401 метри мукааб ба анҷом расонида шудааст. Барои пешбурди кор техникаи замонавӣ ва мутахассисони баландихтисос ҷалб карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, нақши Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.  

Ҳоло васлу насби анкерҳо, корҳои симентатсионӣ ва бетонхобонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён дорад.

Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” заминагузори рушди дучанди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ҳамин коргарону мутахассисони ин иншооти азими аср мақсад гузоштанд, ки уҳдадориҳоро мутобиқ ба талабот босифат ба анҷом расонанд ва дар бунёди иншооти аср саҳмгузор бошанд. .

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати бинои дарвозаҳои садамавӣ - таъмирӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шуданд.

Иншоот аз сатҳи баҳр дар баландии 1099 метр ҷойгир буда, дарозии он 70 метр, паҳноиаш 18 метр ва баландиаш 22 метрро ташкил медиҳад.

Корҳо дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом дода мешавад.

Вазифаи асосии иншоот ба танзим даровардани фаъолияти иншоот дар давраҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад.  

Дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ корҳои бетонхобонии конструктивӣ аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иҷро шуда истодааст.

Корҳои нақбканӣ 29 885 метри мукааб ва корҳои бетонхобонӣ 347 метри мукаабро ташкил медиҳад. Айни замон арматурбандӣ ҷиҳати идома додани корҳои бетонхобонӣ ҷараён дорад. Сифати кор ҳамарӯза назорат карда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад.  

Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ тибқи лоиҳа 605 метр буда, нақби мазкур барои иҷрои пурраи корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад.

Бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ саҳми калон мегузорад ва коргарону мутахссисони ин иншооти азими аср бо истиофда аз шароити зарурӣ дар майдони меҳнати созанда садоқатмандона дар анҷоми корҳои бунёдӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520