Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар Туркманистон

04.08.2023 11:40, Туркманистон
Оғози сафари корӣ дар Туркманистон   04.08.2023

4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳавопаймо роҳрави махсус гузошта шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф кашида буд.  

Бо нишони баланди эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон гарм истиқбол гирифтанд.

Ҷавонони туркманӣ бо либосҳои миллӣ ба меҳмони олимақом гулдаста тақдим намуда, нону намак пешкаш карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520