Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд

19.07.2023 23:50, Арабистони Саудӣ
Мулоқот бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд   19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд аз пазироӣ ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозии самимӣ сидқан изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳои машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди  ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.

Дар рафти мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ,  Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.

Ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, зарур шумурда шуд.

Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ омили муҳимми таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни мардумонамони ду кишвар маънидод гардид.

Ҷонибҳо зимни суҳбат ҳамчунин масъалаи рушду таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ карданд.

Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидоти муосир аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд. 

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520