Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди Наврӯз

22.03.2007 14:00, шаҳри Турсунзода

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.

Бинобар ин дар гузашта тоҷикон ба ҷашни Наврӯз даҳ рӯз пештар омодагӣ медиданд ва Рӯзи навро бо шодиву фараҳ дар хонаҳову наврӯзгоҳҳо пешвоз мегирифтанд.

Ҳоло низ бо фаро расидани фасли баҳор ҳар як хонадони кишвари мо иди Наврӯзро бо расму оинҳои суннатии аҷдодӣ истиқбол мегиранд ва азизу гиромӣ медоранд.

Маросими ҷумҳуриявии таҷлили Ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки бо тасмими мо имрӯз дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад, шукӯҳу ҷалоли оини наврӯзӣ, посдории ганҷинаи пурарзиши фарҳангӣ ва сароғози моҳи фарвардинро боз ҳам афзун менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Ҷашни фархундапаи Наврӯзи Аҷамро ба ҳамаи сокинони меҳмоннавозу сарбаланди шаҳр ва ба тамоми мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракати наврӯзӣ орзу дорам.

Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.

Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.

Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди истилои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд.

Аз ин нукта, Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшидааст.

Ҳоло иди Наврӯз дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрону Афғонистон, Туркия ва бархе аз мамолики арабӣ бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мегардад.

Воқеан баъди ба даст овардани истиқлолият мо суннати гузаштагонамонро идома дода, ба иди Наврӯз мақоми умумимиллӣ ва умумидавлатӣ додем.

Имрӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ин суннати деринаи аҷдодонамонро мардуми кишвар ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Тибқи таомули қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гардад; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд.

Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Дар маҷмӯъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо мебошад.

Дӯстони гиромӣ!

Сарзамини куҳанбунёди мо аз ҷумла водии Ҳисори Шодмон, ки ҳудуди имрӯзаи шаҳри Турсунзодаро низ дарбар мегирад, дорои таърихи бостонӣ ва ғановатманд мебошад. Дар гузашта қаламрави Ҳисор ба ҳайати давлатҳои Бохтар, Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Ҳайтолиён, Сомониён, Чағониён ва Аморати Бухоро шомил буд ва яке аз марказҳои илмиву адабӣ ва тиҷоратии Хуросони шарқӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳисори Шодмон бо санъати баланди шаҳрсозӣ, раставу гузарҳои косибиву ҳунармандӣ ва намояндагони намоёни илму адаб шӯҳрат дошт.

Мероси таърихӣ ва илмиву адабии намояндагони маркази адабии Ҳисор - Дарвешмуҳаммади Ҳисорӣ, Хоҷа Самандари Тирмизӣ, Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ, Парии Ҳисорӣ, Мавлоно Хиргаҳӣ, Волаи Ҳисорӣ, Ҳасани Ҳисорӣ, Комили Ҳисорӣ ва дигарон, ки аз талқини ғояҳои башардӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва ташвиқи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ иборатанд, дар густариши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ мақоми шоиста доранд.

Махсусан шӯҳрати устод Мирзо Турсунзода, ки бо ашъори дилпазир, афкори ватандӯстона ва тарғиби сулҳу амонӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, дар асри гузашта басо баланд гашта буд.

Шаҳри Турсунзода ҳоло яке аз дарвозаҳои асосии Тоҷикистон ва маркази бузурги саноатии мамлакат маҳсуб ёфта, бо мардуми бонангу номус ва заҳматкаши худ, бо табиати хушманзара, боду ҳавои мусоид, меваҳои шаҳдбор шӯҳрати дерина дорад.

Дастовардҳои шоистаи заҳматкашони шаҳри Турсунзода солҳои охир дар рушди соҳаҳои пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдориву ангурпарварӣ таҷассум мегардад.

Деҳқонон ва кишоварзони ботаҷрибаи ноҳия бо маданияти баланди заминдорӣ ва истифодаи оқилонаи он, имконият доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам афзун гардонанд. Зеро аз заминҳои водии Ҳисор дар як сол се ҳосил ба даст овардан мумкин аст.

Чунонки борҳо таъкид кардаам рушди устувор ва бонизоми иқтисодиёт боиси баланд гардидани сатҳ ва сифати зиндагӣ мегардад. Бинобар ин, мову шумо дар арафаи Иди Наврӯз бояд бо дарки рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии худ, инчунин бо ҳисси ифтихор аз истиқлолияту давлатдории миллӣ, барои ободиву шукуфоии кишвар нерӯву ғайрати худро дареғ надорем ва фаъолияти бунёдкориро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем.
Ҳамзамон ҳифзи муқаддасоти миллӣ - мероси таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди бофарҳанг ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Имрӯз фурсате расидааст, ки мову шумо барои рушди устувори иқтисодиёт, ободии мамлакат, амнияти пойдор, зиндагии шоиста ва ҷомеаи тараққикардаю мутамаддин ҳамарӯза софдилона ва фидокорона меҳнат намоем.

Махсусан таҳкими амнияти миллӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва идомаи бунёдкориҳо маҳз аз нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳу субот вобаста аст.

Боварӣ дорам, ки сокинони шаҳри Турсунзода дар баробари тамоми халқи кишвар барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти иқтисодиёт, беҳдошти сатҳи зиндагӣ нерӯю ғайрати хешро дареғ намедоранд.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва зебову озода намудани манзилу макони зист мужда медиҳад ва аллакай дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин маърака босуръат ҷараён дорад. Дар баробари анҷом додани ин кори савоб барои парвариши минбаъдаи дарахтон масъулони соҳа аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар охир мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар фароҳам овардани шароити мусоид барои таҷлили имрӯзаи Иди Наврӯз, оростани ин маъракаи муҳими миллӣ ва корҳои ободонӣ ҳисса гузоштаанд, арзи сипос намоям.

Бигзор, Ҷашни Наврӯзи Бузург ба ҳар кадоми шумо тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда, иқболи неку толеи баланд ва дастурхони пурфайзу баракат ато намояд.

Дар урфият мегӯянд, ки "соле ки накӯст аз баҳораш пайдост". Бигзор Наврӯзи имсола барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли бобарори бунёдкорӣ ва фатҳу нусратҳои нав гардад.

Бигзор дар Наврӯзи фархундапайи имсола дуои Сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки омадани баҳори хуррамро бо рангу бӯи тоза ва бо садҳазор нузҳату ороиши аҷиб тасвир кардааст, мустаҷоб гардад ва ҳамчун иди шодиву нишот, дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ба сарзамини хуршедии мо-Тоҷикистон созандагӣ ва шукуфоӣ армуғон оварад.

Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520